БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ БО ИШТИРОКИ ОЛИМИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ДБССТ

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, густариши робитаҳои академӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки Муминов Нозимҷон – доктори илмҳои иқтисодӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарси намунавӣ баргузор гардид.

Машғулияти мазкур барои донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси 1-26010100 – «Идораи давлатӣ», гурӯҳи «А» ташкил ва гузаронида шуда, ба масъалаҳои мубрами рушди низоми идоракунии давлатӣ, такмили механизмҳои танзими давлатии иқтисодиёт ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ бахшида шуд.

Дар ҷараёни дарси намунавӣ масъалаҳои назариявӣ ва амалии идоракунии давлатӣ, нақши давлат дар танзими равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, механизмҳои таҳия ва татбиқи сиёсати иқтисодӣ, инчунин аҳаммияти истифодаи усулҳои муосири идоракунӣ дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои такмили низоми идоракунии давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, инчунин истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар қабули қарорҳои идоракунӣ равона гардид.

Ҳамзамон, зимни машғулият масъалаҳои марбут ба таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти ислоҳоти идоракунии давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ, такмили муҳити соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дарси намунавӣ барои донишҷӯён имконияти мусоид фароҳам овард, ки бо таҷрибаи илмӣ ва амалии олими хориҷӣ шинос гардида, доир ба масъалаҳои идоракунии давлатӣ, рушди иқтисодиёт, самаранокии сиёсати давлатӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ мубодилаи афкор намоянд.

Баргузории чунин машғулиятҳо бо иштироки олимону мутахассисони хориҷӣ ба таҳкими донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён, рушди тафаккури таҳлилӣ, ташаккули малакаҳои қабули қарорҳои идоракунӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии мутахассисони ояндаи соҳаи идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки ҷалби олимону профессорони хориҷӣ ба раванди таълим яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва рушди робитаҳои академӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ташкили дарсҳои намунавӣ, лексияҳои академӣ ва табодули таҷрибаи илмӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар