Огоҳинома дар бораи нияти супоридани шартнома
Фармоишгар: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ)
Лоиҳа: Лоиҳаи рушди сайёҳӣ ва таҳсилоти бизнес
Номи шартнома: Сохтмони иншооти таълимӣ ва хобгоҳи Донишкадаи байналмилалӣ дар Данғара
Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақами маблағгузорӣ: TJK-1048
№ ICB (савдои рақобатии байналмилалӣ): TJK1048-ICB/MC-CS-001
Бо ин Огоҳинома дар бораи нияти супоридани шартнома (минбаъд – «Огоҳинома») ба Шумо дар бораи қарори мо оид ба супоридани шартномаи дар боло зикргардида хабар медиҳем. Бо ирсоли ин Огоҳинома Давраи интизорӣ оғоз меёбад. Дар давоми Давраи интизорӣ Шумо метавонед:
一) дар робита ба арзёбии Пешниҳоди тендерии худ шарҳи натиҷаҳои арзёбиро (дебрифинг) дархост намоед, ва/ё
二) нисбат ба қарори супоридани шартнома Шикояти марбут ба харидро пешниҳод намоед.
1. Довталаби ғолиб
|
Ном: |
ҶДММ «Сомонӣ Давр» |
|
Суроға: |
кӯчаи Ҷ. Расулов 71/2, хонаи 19, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон |
|
Нархи шартнома: |
15 874 236 (понздаҳ миллиону ҳаштсаду ҳафтоду чор ҳазору дусаду сиву шаш) доллари ИМА |
2. Дигар довталабон
|
Номи довталаб |
Нархи пешниҳоди тендерӣ |
Нархи арзёбишудаи пешниҳоди тендерӣ (дар ҳолати татбиқ) |
|
N/A |
N/A |
N/A |
3. Сабаб(ҳо)и ғолиб эътироф нашудани Пешниҳоди тендерии Шумо
|
N/A |
4. Тартиби дархости шарҳи натиҷаҳои арзёбӣ (дебрифинг)
|
МӮҲЛАТ: Мӯҳлати пешниҳоди дархост оид ба шарҳи натиҷаҳои арзёбӣ дар нисфи шаб (бо вақти маҳаллӣ) ба охир мерасад: N/A. Шумо метавонед оид ба натиҷаҳои арзёбии Пешниҳоди тендерии худ шарҳ (дебрифинг) дархост намоед. Агар Шумо қарор диҳед, ки шарҳи натиҷаҳои арзёбиро дархост намоед, дархости хаттии Шумо бояд дар давоми се (3) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани ин Огоҳинома дар бораи нияти супоридани шартнома пешниҳод карда шавад. Номи шартнома, рақами истинод, номи довталаб ва маълумоти тамосро нишон дода, дархостро оид ба шарҳи натиҷаҳои арзёбӣ ба суроғаи зерин ирсол намоед: Ба диққати: ҷаноби Фатҳулло Ҷабборзода Амрӣ Вазифа: Ҳамоҳангсози лоиҳа Ташкилот: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) Суроғаи почтаи электронӣ: iutetiro.tj@gmail.com (нусха: dsx_ips@mail.ru) Агар дархости Шумо оид ба шарҳи натиҷаҳои арзёбӣ дар мӯҳлати муқарраргардидаи 3 рӯзи корӣ гирифта шавад, мо шарҳи натиҷаҳоро дар давоми панҷ (5) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани дархости Шумо пешниҳод менамоем. Агар мо натавонем шарҳи натиҷаҳоро дар ин мӯҳлат пешниҳод намоем, Давраи интизорӣ ба муддати панҷ (5) рӯзи корӣ пас аз санаи пешниҳоди шарҳ тамдид карда мешавад. Дар ин ҳолат мо Шуморо огоҳ намуда, санаи анҷоми Давраи интизории тамдидшударо тасдиқ менамоем. Шарҳи натиҷаҳои арзёбӣ метавонад дар шакли хаттӣ, тавассути телефон, видеоконфронс ё ҳангоми мулоқоти шахсӣ пешниҳод карда шавад. Мо фавран ба Шумо дар шакли хаттӣ тарзи гузаронидани шарҳи натиҷаҳоро хабар дода, сана ва вақти онро тасдиқ менамоем. Агар мӯҳлати пешниҳоди дархост оид ба шарҳи натиҷаҳои арзёбӣ гузашта бошад, Шумо ҳамоно метавонед шарҳи натиҷаҳоро дархост намоед. Дар ин ҳолат мо шарҳи натиҷаҳоро дар мӯҳлати ҳарчи кӯтоҳтари имконпазир, вале одатан на дертар аз понздаҳ (15) рӯзи корӣ аз санаи нашри Огоҳинома дар бораи супоридани шартнома пешниҳод менамоем. |
5. Тартиби пешниҳоди шикоят
|
Мӯҳлат: Шикояти марбут ба харид, ки нисбат ба қарори супоридани шартнома эътироз менамояд, бояд то нисфи шаб (бо вақти маҳаллӣ) пешниҳод карда шавад: N/A. Номи шартнома, рақами истинод, номи довталаб ва маълумоти тамосро нишон дода, Шикояти марбут ба харидро ба суроғаи зерин ирсол намоед: Ба диққати: ҷаноби Фатҳулло Ҷабборзода Амрӣ Вазифа: Ҳамоҳангсози лоиҳа Ташкилот: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) Суроғаи почтаи электронӣ: iutetiro.tj@gmail.com (нусха: dsx_ips@mail.ru) Дар ин марҳилаи раванди харид Шумо метавонед Шикояти марбут ба харидро нисбат ба қарори супоридани шартнома пешниҳод намоед. Барои пешниҳоди ин шикоят пешакӣ дархост кардан ё гирифтани шарҳи натиҷаҳои арзёбӣ талаб карда намешавад. Шикояти Шумо бояд дар давоми Давраи интизорӣ пешниҳод шуда, то анҷоми Давраи интизорӣ аз ҷониби мо гирифта шавад. Маълумоти иловагӣ: Барои маълумоти бештар ба Дастурамал оид ба харид (Замимаи B) нигаред. Тавсия дода мешавад, ки пеш аз омода ва пешниҳод намудани шикоят бо ин муқаррарот шинос шавед. Хулоса, чор талаботи асосӣ мавҷуд аст: 1. Шумо бояд «тарафи манфиатдор» бошед. Дар ин ҳолат ин маънои довталаберо дорад, ки дар ин раванди савдо Пешниҳоди тендерӣ пешниҳод намуда, гирандаи Огоҳинома дар бораи нияти супоридани шартнома мебошад. 2. Шикоят танҳо метавонад нисбат ба қарори супоридани шартнома эътироз намояд. 3. Шумо бояд шикоятро дар мӯҳлати дар боло зикргардида пешниҳод намоед. 4. Шумо бояд дар шикояти худ тамоми маълумоти бо Дастурамал оид ба харид талабкардашударо (тибқи тавсифи Замимаи B) дохил намоед. |
6. Давраи интизорӣ
|
МӮҲЛАТ: Давраи интизорӣ дар нисфи шаб ба охир мерасад: N/A. Давраи интизорӣ баъд аз санаи ирсоли ин Огоҳинома дар бораи нияти супоридани шартнома даҳ (10) рӯзи корӣ давом мекунад. Давраи интизорӣ метавонад мувофиқи Бахши 4-и дар боло зикргардида тамдид карда шавад. |
Агар Шумо оид ба ин Огоҳинома ягон савол дошта бошед, лутфан бо мо тамос гиред.
Аз номи Фармоишгар:
Имзо:_____________________________________________
Ном ва насаб: ҷаноби Фатҳулло Ҷабборзода Амрӣ
Вазифа: Ҳамоҳангсози лоиҳа
Телефон: +992 37 234 88 02
Почтаи электронӣ: iutetiro.tj@gmail.com (нусха: dsx_ips@mail.ru)








