РӮЗИ ПАНҶУМИ ФОРУМ. ИМРӮЗ ЧӢ МЕГУЗАРАД? Маркази матбуот хабар медиҳад

Дар рӯзи панҷуми Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рӯзҳои 13-18 октябри соли 2026 баргузор гардида истодааст, як қатор чорабиниҳои муҳим доир мегарданд.
Имрӯз, 17 октябри соли 2026 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд конфронс-намоишгоҳи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор мешавад.
Ҳамзамон, дар Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили ҷашни Меҳргон Барномаи байналмилалии фарҳангию сайёҳӣ бо иштироки меҳмонони Форум доир карда мешавад.
Ин чорабиниҳо ба муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва сайёҳӣ равона гардидаанд.

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқӣ, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ва ширкаткунандагони Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мешавад. Ҳадафи асосии ҳамоиш баррасии масъалаҳои мубрами омӯзишу ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Суғди бостонӣ, муаррифии арзишҳои фарҳангии минтақа дар сатҳи байналмилалӣ ва муайян намудани имкониятҳои истифодаи самараноки ин мерос дар рушди устувори сайёҳӣ мебошад. Тибқи барнома, конференсия дар Кохи «Суғдиён» баргузор мешавад. Дар доираи он масъалаҳои муҳимми таърихӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва технологӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор мегиранд.
Конференсия дар чаҳор самти асосӣ баргузор мешавад. Бахши якум ба мероси таърихию фарҳангии Суғд, масъалаҳои ҳифзу таҳқиқ ва муаррифии он, бостоншиносӣ, осорхонашиносӣ ва равишҳои муосири ҳифзи мероси фарҳангӣ бахшида шудааст. Дар ин бахш аҳаммияти Суғди бостонӣ ҳамчун падидаи муҳимми таъриху тамаддуни минтақа, нақши ёдгориҳои таърихӣ дар шинохти гузаштаи халқҳо ва зарурати ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ баррасӣ мегардад.
Бахши дуюм ба масъалаҳои сайёҳии устувор ва маҳсулоти сайёҳии фарҳангӣ дар вилояти Суғд бахшида шуда, дар он имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таърихӣ, сайёҳии экологию кӯҳӣ, агросайёҳӣ ва сайёҳии дохилӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд. Ҳамчунин, масъалаҳои рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтор, ташаккули маҳсулоти рақобатпазири сайёҳӣ ва нақши соҳибкории хурду миёна дар пешрафти ин соҳа баррасӣ мегарданд.
Бахши сеюм ба рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва инноватсия дар ҳифзу муаррифии мероси фарҳангӣ бахшида шудааст. Дар доираи он имкониятҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ барои ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, муаррифии мероси хаттӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва татбиқи роҳҳои инноватсионӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Бахши чорум ҳунарҳои мардумӣ, мероси ғайримоддӣ ва брендинги фарҳангии минтақаро фаро гирифта, ба робитаҳои байнифарҳангӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Дар ин замина, масъалаҳои эҳёи ҳунарҳои анъанавӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, гаҳворасозӣ ва гаҷкорӣ, инчунин нақши мероси адабию фарҳангӣ дар таҳкими муколамаи тамаддунҳо баррасӣ хоҳанд шуд.
Яке аз самтҳои муҳимми конференсия баррасии робитаи мероси таърихию фарҳангӣ бо рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа мебошад. Аз ҷумла, дар доираи маърӯзаҳои илмӣ аҳаммияти мероси Суғди бостонӣ дар ташаккули маҳсулоти сайёҳии фарҳангӣ, имкониятҳои рушди устувори сайёҳӣ, истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ҷалби технологияҳои муосир ба муаррифии арзишҳои фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд.
Инчунин, дар барномаи конференсия масъалаҳои марбут ба Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказӣ, саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушди таҳқиқоти бостоншиносӣ, омӯзиши ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва нақши мероси Суғди бостонӣ дар таҳкими робитаҳои фарҳангии халқҳо ҷойгоҳи махсус доранд.
Конфронс-намоишгоҳи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» тариқи шабакаи иҷтимоӣ мустақиман намоиш дода мешавад.

Дар шаҳри Душанбе низ Барномаи байналмилалии фарҳангию сайёҳӣ дар доираи таҷлили ҷашни Меҳргон баргузор мегардад, ки дар он роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок мекунанд. Чорабинӣ аз соати 09:00 то 12:00 дар боғи Фирдавсӣ доир шуда, иштироки меҳмонони Форум ва намояндагони воҳидҳои сохтории донишгоҳро дар назар дорад. Ҷашни Меҳргон ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик дорои аҳаммияти муҳимми фарҳангӣ ва таърихӣ буда, рамзи арҷгузорӣ ба табиат, ҳосилу баракат ва суннатҳои миллии кишоварзӣ ба шумор меравад. Баргузории барномаи фарҳангию сайёҳӣ дар доираи ин ҷашн имконият фароҳам меорад, ки меҳмонони хориҷӣ бо анъанаҳои миллӣ, фарҳанги мардумӣ, расму ойинҳои суннатӣ ва арзишҳои таърихию маънавии халқи тоҷик бештар шинос шаванд.
Иштироки меҳмонони Форум дар чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангии байни кишварҳо, густариши муколамаи тамаддунҳо ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Ҳамзамон, ин гуна ташаббусҳо барои шиносоии меҳмонон бо фарҳанги миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мероси ғании таърихию фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Барномаи байналмилалии фарҳангию сайёҳӣ дар доираи таҷлили ҷашни Меҳргон ва бо иштироки меҳмонони Форум низ тариқи ҳамин шабакаи иҷтимоӣ мустақиман манзур мегардад.
Дар маҷмуъ, баргузории чорабиниҳои байналмилалии илмӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар Душанбе ва Хуҷанд инъикосгари таваҷҷуҳи хос ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, рушди ҳамкориҳои илмӣ ва истифодаи имкониятҳои сайёҳӣ дар муаррифии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин ҳамоишҳо барои таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, табодули таҷрибаи мутахассисон ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳифзу муаррифии арзишҳои миллӣ имконият фароҳам оварда, дар густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сайёҳии кишвар саҳми назаррас гузошта метавонанд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар