20 майи соли 2024 бо ҷонибдорӣ ва ифтихормандӣ аз эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки минбаъд ҳамасола 25 май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Мусобиқаи варзишӣ аз намуди “Футболи хурд” байни донишҷӯёни МТОК ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” оғоз гардид.
Дар расми ифтитоҳи Мусобиқаи варзишии болозикр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мансурӣ Дилрабо Сайдулло иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни сухани табрикотии хеш вобаста ба ифтитоҳи Мусобиқаи варзишӣ аз намуди “Футболи хурд” байни донишҷӯёни МТОК ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” муҳтарам Мансурӣ Дилрабо Сайдулло бо ифтихору саодатмандӣ иброз намуданд, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Боиси хушнудист, ки имрӯз раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳикбории Тоҷикистон дар доираи Моҳвораи ҷавонон, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Мусобиқаи футболи хурдро байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳ” баргузор менамояд.
Иқдоми раёсати Донишгоҳ дар самти баргузор намудани мусобиқаи болозикр саривақтӣ буда, як ҳамовозии беназири гарму самимӣ ба пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.
Ёдовар бояд шуд, ки Мусобиқаи варзишӣ аз намуди “Футболи хурд” байни донишҷӯёни МТОК ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” рӯзҳои 20-21 май баргузор гардида, ғолибон бо “Ҷоми раёсати ДБССТ” ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд