ОҒОЗИ IV-УМИН ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ЗИНАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Нимаи аввали рӯзи 20 майи соли равон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, роҳбарияти кумитаву идораҳои давлатӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни мактабҳои олии мамлакат IV-умин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” оғоз гардид.
Фишурдаи баромади ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор зимни ҷаласаи ифтитоҳии чорабиниҳои Донишгоҳ:
Муҳтарам муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, меҳмонони азиз, иштирокчиёни озмун, намояндагони корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонии ватанӣ ва ҳозирини арҷманд!
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” инчунин, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” IV-умин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Ҳамзамон, дар доираи Моҳвораи ҷавонон, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ моҳи майи соли 2024 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ва тасдиқ намуда буд, раёсати Донишгоҳ баргузории мусобиқаи футболи хурдро байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” доир менамояд.
Дар баробари ин, дар чорчубаи баргузории чорабиниҳои болозикр дар Донишгоҳ ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти бо шуғли доимӣ фаро гирифтани ҷавонон ва хатмкунандагон Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бо ҷалби корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонии ватанӣ баргузор шуда истодааст.
Вобаста ба ин, ҳамаи шумо ҳозирини арҷмандро ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои болозикри Донишгоҳ хайрамақдам мегӯям.
Ҳамзамон, миннатдории самимии хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ҷиҳати баргузории чорабиниҳои мазкур иброз медорам.
Боиси зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои пайвастаи хеш ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, доимо таъкид менамоянд, ки раванди назорати азхудкунии донишҳои муосир пурзӯр карда шуда, насли ҷавон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли чорум аст, ки раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба фанҳои математика, технологияҳои иттилоотӣ, химия, физика, география ва ҳуқуқ барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДБССТ” баргузор менамояд.
Қобили қайд аст, ки баҳри баланд бардоштани завқи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамзамон омӯзиши забонҳои хориҷӣ соли сеюм аст, ки озмуни мазкур дар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ доир карда мешавад.
Чунин озмуни минтақавӣ рӯзҳои 2-3 майи соли равон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯйи 9 фан бо фарогирии ҳудуди 150 нафар хонандагон баргузор карда шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бошад соли 2022 ва дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд соли 2023 низ Олимпиадаи хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбӣ аз рӯйи равияҳои математика, химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ, география, забони русӣ ва забони англисӣ барои дарёфти “Љоми раёсати ДБССТ” баргузор карда шуд.
Хурсандиовар он аст, ки завқи хонандагон дар мамлакат ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ сол ба сол афзун гардида, шумораи иштирокчиёни озмунҳо бамаротиб зиёд мегардад.
Чуноне дар боло зикр гардид, озмуни имсола аз озмунҳои қаблӣ каме тафовут дорад, зеро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ», бори аввал дар Ҷоми раёсати Донишгоҳ фанни “Ҳуқуқ”-ро низ ворид намудем.
Дар радифи эълони «Соли маърифати ҳуқуқӣ» раёсати Донишгоҳ то ба имрӯз як олимпиадаи ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳуқуқдон” ва як конфронси сатҳи байналмилалиро бо иштироки коршиносони соҳаи ҳуқуқ баргузор намуд.
Муҳтарам меҳмонон, ҳозирини арҷманд!
Баргузории Озмуни имрӯза низ идомаи иқдомҳои раёсати Донишгоҳ баҳри татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Раёсати Донишгоҳ тасмим дорад, ки чунин озмунҳоро баҳри дарёфт ва сафарбар намудани донишҷӯёну хонандагон ба озмунҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамасола доир намояд.
Итминони комил дорам, ки дар IV-умин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДБССТ” донишҷӯён маҳорати хешро ҳамаҷониба санҷида, минбаъд чун бузургони барҷастаи илми тоҷик барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ, табиӣ ва ҳуқуқ дар мамлакат нақши арзишманди хешро мегузоранд.
Боварӣ дорам, ки масъулини Донишгоҳ ва мутахассисони ҷалбгардида, баҳри дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани Озмуни мазкур ва ба тариқи шаффоф муайян намудани ғолибон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Сипас, тартиби баргузории IV-умин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” аз ҷониби масъулин фаҳмонида шуда, озмун дар синфхонаҳои барҳавои Донишгоҳ ба кори худ шуруъ намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *