АДВОКАТУРА НИҲОДИ МУҲИМИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ.

ИФТИТОҲИ НАМОЯНДАГИИ КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ ДБССТ ДАР ИТТИФОҚИ АДВОКАТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
   Санаи 28 майи соли 2024 дар толори Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки декани факултети ҳуқуқ ва гумрук Ҳабибуллозода Муҳриддин Ҳабибулло ҳайати омўзгорони кафедраи ҳуқуқ, Ҳайдаров Алишер Абдулмуминович раис ва аъзоёни Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намояндагии кафедраи ҳуқуқ баргузор гардид.
   Мудири кафедраи ҳуқуқ Нодиров Ф.М. чорабиниро оғоз намуда қайд кард, ки дар радифи иҷро намудани супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар ва ректори Донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор тибқи низоми дуалии таҳсилот ифтитоҳи намояндагию филиалҳои кафедраҳо дар корхонаю муассисаҳо амри воқеӣ мебошад.
    Декани факултети ҳуқуқ ва гумрук Ҳабибуллозода М.Ҳ. дар баробари изҳори миннатдорӣ ба роҳбарияти Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки ин иқдоми накў дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ниҳоят муҳим арзёбӣ карда мешавад.
     Кушодани намояндагии кафедраи ҳуқуқ дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисон, таъмини ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва бо ин васила таҳким бахшидан ба ташаккули малакаҳои касбии донишҷўён нақши муҳимро мебозад.
     Адвокатура ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ба низоми мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дохил намешавад.
    Ваколатҳои адвокат, ки ба сифати намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ба сифати намояндаи шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ё ҳимоятгари гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, маҳкумшуда ва сафедшуда дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, намояндаи шахсони ҳуқуқӣ дар муҳокимаи парвандаҳо дар арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муҳокимаи суди ҳакамӣ, инчунин расмиёти маъмурӣ иштирок мекунад, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
    Мувофиқи нақшаи таълим дар соли таҳсили 2023-2024 донишҷўёни курсҳои 3-юм ва 2-юми ихтисоси 1-24010300 -“Ҳуқуқи иқтисодӣ” ва курси 2-юми ихтисоси 1-24010302- “Танзими ҳуқуқии молия ва қарз” бо таҷрибаомўзии таълимӣ ва истеҳсолӣ дар Иттифоқи адвокатҳо фаро гирифта мешаванд.
   Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳайдаров Алишер Абдулмуминович қайд намуданд, ки барои ҳамкорӣ бо кафедари ҳуқуқи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шакли таъсис додани намояндагии кафедра омода мебошем ва кўшиш менамоем, ки барои тайёр намудани мутахассисони ҷавобгўи талаботи бозори меҳнат тамоми шароитҳоро созмон дода, дар давраи таҷрибаомўзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва фаъолияти илмию тадқиқотии кафедра саҳмгузор бошем.
    Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ислоҳоти низоми судӣ дар соли 2015 ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шуд ва бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” аз 18 марти соли 2015, №1182 ҳамчун ташкилоти ягонаи мустақили касбии ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ ва бо аъзогии ҳатмии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст.
     Низоми Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҳамчун воҳидҳои сохтории Иттифоқи адвокатҳо дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иборат мебошад.
    Шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатӣ аз кабинети адвокатӣ, маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, коллегияи адвокатӣ ва бюрои адвокатӣ иборат аст.
   Дар фарҷоми чорабини саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираи судманд байни раёсати Итттифоқи адвокатҳо ва донишҷўён сурат гирифт.
     Сипас, декани факултети ҳуқуқ ба Раиси Итттифоқи адвокатҳо муҳтарам Ҳайдаров Алишер Абдулмуминович барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти омода намудани мутахассисони варзидаи ҳуқуқшиносӣ миннатдорӣ изҳор намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *