ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД ДОКТОР МУҲАММАД СУЛАЙМОН АЛ-ҶАССЕР БО УНВОНИ “ПРОФЕССОРИ ФАХРӢ”-И ДБССТ САРФАРОЗ ГАРДИД

    Дар доираи ташрифи Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мулоқоти судманд бо ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ ва иқтисодшиносони барҷастаи мамлакат баргузор гардид.
  Меҳмони олиқадрро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ба муассиса хуш омадед гуфта, зимни суханронӣ ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ изҳори сипос намуд.
  Дар ин радиф, ба Президенти Бонки Исломии Рушд дар самти дастгирии сармоягузории бунёди Маркази рушди касбият ва хизматрасонии филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба маблағи 5,3 млн доллари ИМА ва ворид намудани лоиҳаҳои нави Донишгоҳ ба барномаи сармоягузориҳои бонк миннатдории самимӣ баён карда шуд.
   Дар идомаи мулоқот раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои ҳамкориҳои пайваста ва саҳми арзанда дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии лоиҳаҳо дар самти таҳкими инфрасохтори Донишгоҳ Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассерро бо қарори Шурои олимони муассиса дар асоси муқаррароти Оинномаи Донишгоҳ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №199 тасдиқ гардидааст, бо унвонии ифтихории “Профессори фахрӣ”- и Донишгоҳ сарфароз намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *