12 июни соли 2024 Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.
Меҳмони олиқаддро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо ҳамроҳии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Н., Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З.А. ва муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Д.М. гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Президенти Бонки Исломи Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер нахуст аз дастовардҳои олимону муҳаққиқони Донишгоҳ, лоиҳаҳои сармоягузории таҳиягардида ва пойгоҳи моддӣ-техникии раванди таълим дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ, фаъолияти бонкӣ ва амсоли инҳо дидан намуд.
Маврид ба зикр аст, ки раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мустаҳкамсозии инфрасохтори таҳсилот лоиҳаҳои мухталифро бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд таҳия ва амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, аз ҷониби Бонки Исломии Рушд бунёди Маркази рушди касбият ва хизматрасонии филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба маблағи 5,3 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ мегардад.
Ҳамзамон, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои нави Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти “Рушди инфрасохтор ва рақамикунонии таҳсилот дар соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар Донишгоҳ” ба барномаи сармоягузориҳои Бонки Исломии Рушд ворид гардидаанд.
Дар баробари ин, бояд иброз намуд, ки раёсати Донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо олимони ватаниву хориҷӣ ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи Стратегияи рушди муассиса барои давраи то соли 2040 ба масоили таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба самтҳои рақамикунонии таҳсилот, тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ, рушди соҳибкории инноватсионӣ, бонкдорӣ, сайёҳии обию экологӣ, табобатию куҳнавардӣ, татбиқи принсипҳои “иқтисоди сабз” дар низоми таҳсилот, инчунин таҳкими инфрасохтори таҳсилотӣ, аз ҷумла меҳмонхонаи таълимӣ, тарабхонаи таълимӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, рушди фаъолияти парки технологӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда истодааст.
Лозим ба ёдоварист, ки ташрифи Президенти Бонки Исломии Рушд ба Донишгоҳ дар рӯзи баргузории ҳамоиши илмӣ доир ба масоили мубрами иқтисоди миллӣ, ки дар кори он иқтисодшиносони барҷастаи мамлакат иштирок доштанд, рост омад.
Дар доираи ташрифи мазкур мулоқоти судманди Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер бо ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва иқтисодшиносони барҷастаи мамлакат баргузор гардид.