ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – САРЧАШМАИ РУШДИ ИҚТИСОДУ САЙЁҲӢ
(дар ҳошияи 27-июн Рӯзи ваҳдати миллӣ)
Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳиммеро аз сар гузаронидааст, ки аз он барои оянда дарси ибрате хоҳад буд. Барои миллати сарбаланди тоҷик рӯзи Ваҳдати миллӣ воқеан як рӯзи муборак, таърихӣ ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.
Дар ин росто қайд намудан ба маврид аст, ки ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва ноил шудан ба он барои ҳар як халқи кишвар кори осон нест, вале ҳифз ва таҳким бахшидани он боз ҳам мушкилтар аст. Дар воқеъ ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои асосиест, ки ба аҳолӣ умед бахшид ва онҳоро барои оянда дилгарм сохта сарчашмаи пешбурди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа гардид. Тавонист масъалаҳои мубрами иқтисодии ҷаҳони муосирро ҳаллу фасл намояд.
Дар шароити тезу тунд шудани муносибатҳои бозорӣ ва раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои муҳим ва бузургтарини тамоми мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст ин дастоварди бузурги таърихӣ, яъне пойдории сулҳ, оромӣ ва амнияти миллии мамлакат бо шарофати фарзанди фарзонаи миллатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва дар инкишофи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии давлати азизамон нақши калидӣ дорад.
Бинобар ҳамин, қайд кардан ба маврид аст, ки бо шарофати дастоварди бузурги таърихӣ яъне Ваҳдати миллӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон ба дастовардҳои бузург ноил гашт ва ин дастовардҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодии тамоми аҳолии мамлакат шароити созгорро фароҳам сохт ва то имрӯз низ ба роҳ мондааст. Месазад бо як боварии комил таъкид намуд, ки дар воқеъ ваҳдати миллӣ сарчашмаи асоси рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб равад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба сари Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаҳои ниҳоят сангин ва вазнини ба ҳамагон маълум ба вуқӯъ пайвастанд. Баъзе аз қувваҳои нохалаф ва бадхоҳони миллати тоҷик тамоми фаъолият ва кушишҳои ѓаразноки худро ба он равона мекарданд, ки ин дастоварди бузурги таърихии миллати куҳанбунёд ва тамаддуни тоҷик ба даст оварда нашаванд. Вале хушбахтона онҳо ба мақсадҳои нопок ва ғаразноки худ нарасиданд.
Воқеан, бо шарофати фарзанди фарзонаи миллатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат барои расидан ба Ваҳдати миллӣ машаққатҳои зиёдро аз сар гузаронида, ҳатто ҷони худро дар хатар гузоштанд, то ки миллати азияткашидаи тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзул ва маҳвшавӣ раҳоӣ ёфта ба по хезанд, сулҳу салоҳ ва тинҷию амонӣ дар кишвар поянда бошад. Дар натиҷа, мардуми тамаддунсоз ва бо нангу номуси тоҷик аз қаҳрамонӣ, шуҷоатмандӣ ва хирадмандии Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ намуд ва имрӯз тамоми сокинони мамлакат зери парчами Ваҳдати миллӣ ва якдилӣ дар фазои орому осуда зиндагӣ мекунанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва таърихию фарҳангии миллат хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.
Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмат ва муқаддастарин арзиши миллӣ мебошад, ки тамоми пешрафту тараққиёт ва комёбиҳову муваффақиятҳои кишвар, инчунин рӯзгори пурсаодати мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз он маншаъ мегирад.
Бинобар ҳамин, нисбати чунин дастоварди бузурги таърихии миллати азизамон аз забони шоир чунин гуфтан ба маврид ва қобили қабул мебошад.
Баргу сози коинот аз ваҳдат аст;
Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.
Дар охир чунин хулоса намудан ба маврид аст, ки халқи шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯзи таърихи расидем ва бояд ба қадри Ваҳдати миллӣ, ки неъмати беназиру бебаҳои миллатамон мебошад, бирасем ва онро ҳифз намуда ба наслҳои оянда ҳамчун як мероси бебаҳои таърихи ҳадя намоем.
АЛИШОЕВ Х.Ҳ. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молия ва андозбандии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон