Санаи 21 июн дар ҷаласаи якҷояи кафедраҳои донишгоҳ баррасии диссертатсияи Вазирзода Дилороми Раҷамат дар мавзӯи “Ташаккул ва равнақи маблағгузории хурд” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, ки ДБССТ барои диссертатсияи мазкур муассисаи пешбар таъин гардидааст, баргузор гардид. Баъди баромади унвонҷӯ аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа саволҳои сершуморе дода шуданд, ки унвонҷӯй ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дод.
Сипас аз тарафи муқарриз, н.и.и., дотсент Исмоилов А.А. тақризи муассисаи пешбар пешниҳод гардид, ки дар он тибқи талаботи Комиссияи олии аттестатсионӣ ҷанбаҳои гуногуни диссертатсия таҳлил карда шуда, норасогиву камбудиҳои ошкоргардида оварда шудаанд.
Баъди ба эродҳои муқарриз ҷавобҳои қонеъкунанда додани унвонҷӯй оиди ба ҳимояи ошкоро тавсия додани диссертатсия хулосаи умумӣ қабул карда шуд.
Дар кори ҷаласа устодон аз кафедраҳои фаъолияти бонкӣ, молия ва андозбандӣ, омор ва таҳлили иқтисодӣ, иқтисодиёти ҷаҳон ва сайёҳӣ ширкат варзиданд.