ХУШХАБАР!

ХУШХАБАР!
   Дастаи мунтахаби Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Саратови Федератсияи Россия дар Мусобиқаи байналмилалии варзишӣ аз намудҳои гуногуни сайёҳӣ “Сайёҳии пиёдагардӣ”, “Сайёҳии обӣ” ва “Сайёҳии велосипедронӣ” аз рӯйи ду наминатсия соҳиби ду ҷойи сеюм гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз 18 то 22 июни соли 2024 дар вилояти Саратови Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар мусобиқаи мазкур 30 даста аз 7 давлати Осиё иштирок намуданд.
    Ғолибияти навбатии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба тамоми омӯзгорону донишҷуён ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *