30 декабри соли ҷорӣ зимни баргузории ҷаласаи васеи Шӯрои олимон беш аз 60 нафар омӯзгорону кормандони Донишгоҳ барои саҳмгузорӣ дар рушди муассиса бо Сипосномаи донишгоҳ ва маблағи пулӣ ҳавасманд карда шуданд.
Ҳамзамон, ба ятимону донишҷӯёни имконияташон маҳдуд кумакпулӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ тақдим гардид.
      Бо пешниҳоди раиси Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ ва қарори Шӯрои олимон, ба тамоми кормандони донишгоҳ ва филиалу литсейҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғд бахшида ба соли нави мелодӣ ба андозаи муайян маблағи ҳавасмандӣ дода мешавад.

Leave a Comment