27 августи соли 2024 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти раёсати ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовинони ректор, и.в. ректори Донишкадаи байналмилалии Левакант, директорони коллеҷу литсейи Донишгоҳ дар вилояти Хатлон, ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва кормандони муассисаҳои зикршуда ширкат варзиданд.
Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур, баррасии ҳолати омодагии сохторҳои Донишгоҳ дар вилояти Хатлон ба оғози соли нави таҳсил ва мушаххасу муайян намудани вазифаҳои минбаъда баҳри татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дигар самтҳои фаъолият арзёбӣ гардид.