РАЁСАТИ РУШДИ СТРАТЕГӢ ВА МЕНЕҶМЕНТИ СИФАТ

Раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифат ҳамчун сохтори таркибии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 2023 таъсис дода шудааст.

Ҳадафи асосии раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифат таҳия, татбиқ ва таъмин намудани иҷрои стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 тибқи рисолат ва биниш аз нуқтаи назари низоми менеҷменти сифати донишгоҳ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифат аз рӯйи вазифаҳои зерин фаъолияти худро ба роҳ мондааст:

  • дастгирии татбиқи стратегияи рушди донишгоҳ;
  • ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба нав кардани Стратегияи рушди донишгоҳ;
  • иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо, лоиҳаҳо ва нақшаҳои стратегӣ, ки дар доираи Стратегия дар сатҳи донишгоҳҳо татбиқ карда мешаванд;
  • таъмини ҳамоҳангсозӣ ва фаъолияти муштараки сохторҳои таркибии донишгоҳ дар татбиқи нақшаҳо ва барномаҳои стратегии онҳо, ки ба татбиқи Стратегияи донишгоҳ равона шудаанд;
  • ташкили самаранокии низоми менеҷменти сифат дар соҳаи хизматрасонии таҳсилот;
  • мониторинги татбиқи сиёсати Донишгоҳ дар соҳаи менеҷменти сифат;
  • мусоидат ба сохтории таркибии донишгоҳ бо истифодаи имконият ҷиҳати беҳтар намудани сифати фаъолияти онҳо;
  • ҳамоҳангсозии рушди шарикии дарозмуддати стратегӣ бо донишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо;
  • ташкили муносибатҳои дарозмуддат бо хатмкардагони донишгоҳ;
  • баланд бардоштани рақобатпазирии донишҷӯён ва хатмкунандагони донишгоҳ дар бозори дохилӣ ва берунии таҳсилот;
  • ташаккули симои мусбии Донишгоҳ;
  • таҳлили барномаҳои рушди сохторҳои таркибӣ ва мувофиқати онҳо бо ҳадафҳои стратегии рушди донишгоҳ;
  • ташаккули сиёсати Донишгоҳ дар соҳаи идоракунии сифати таҳсилот ва ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати қабулшуда дар сохторҳои донишгоҳ;
  • мониторинги марказонидашудаи нишондиҳандаҳо ва равандҳои сифати таҳсилот дар сохторҳои таркибӣ, муқоиса бо нишондиҳандаҳои меъёрҳои аз ҷониби истеъмолкунандагони соҳаи хизматрасонии таҳсилот;
  • таҳияи меъёрҳои дохилии низоми сифати таҳсилот, таъмини иттилоотию таҳлилӣ ва дастгирии низоми менҷменти сифат дар донишгоҳ;
  • тадбиқи низоми менеҷменти сифат, таҳияи пешниҳодҳо оид ба татбиқи усулу воситаҳои муосири таъмини сифат дар донишгоҳ;
  • гузаронидани аудити дохилӣ ва худбаҳодиҳӣ дар сохторҳои таркибии Донишгоҳ ва раванди омода намудани ҳисобот ба роҳбарият;
  • гузаронидани назарсанҷии мутобиқшавии донишҷӯёни курси якум ба раванди таҳсилот;
  • гузаронидани назарсанҷӣ оид ба дараҷаи қаноатмандии донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюм аз раванди таҳсилот дар донишгоҳ;
  • гузаронидани назарсанҷии омӯзгорон барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати беҳтар намудани шароит ва баланд бардоштани сифати таҳсилот;
  • тайёр намудани низоми менеҷменти сифати донишгоҳ барои гузаронидани аудити беруна тибқи талаботи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ;
  • дар сохторҳои таркибии донишгоҳ татбиқ намудани механизми назорат, ченкунӣ ва таҳлили сифати фаъолияти онҳо;
  • дастгирии машваратӣ оид ба таҳияи усулҳои менеҷменти сифат ва рушди низоми сифат дар Донишгоҳ;
  • ҳавасмандгардонӣ ва такмили ихтисоси кормандони донишгоҳ оид ба масъалаҳои идоракунии сифати таҳсилот;
  • ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи сифати хизматрасонии таҳсилот бо дигар муассисаҳои таълимӣ.

Дар раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифати донишгоҳ шуъбаҳои зерин фаъолият мекунанд:

  • Шуъбаи менеҷменти сифат
  • Шуъбаи банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои рушд

ШУЪБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СИФАТ

Шуъбаи менеҷменти сифат ҳамчун воҳиди сохтории Донишгоҳ ҷиҳати ба амал овардани идоракунӣ ва мониторинги мақсадноки сифати ҳама самтҳои фаъолияти Донишгоҳ, алалхусус сифати таҳсилот муваззаф гардидааст. 

Шуъба фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ташкили раванди таълим, рушди стратегӣ, робитаҳои байналмилалӣ, илм,  садорати институтҳои таълимӣ, факултетҳои донишгоҳ, маркази тестии донишгоҳ, кафедраҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Донишгоҳ амалӣ мегардонад.

Самтҳои фаъолияти шуъбаи менеҷменти сифат:    

  • ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба идоракунии сифати таҳсилот ва мониторинги раванди таълим;
  • ба роҳ мондани банақшагирӣ, мониторинг ва такмили нишондиҳандаҳое, ки самаранокӣ ва сифати ҷараёни мӯътадили таълимро таъмин мекунанд;
  • назорат аз болои сари вақт омода кардани ҷадвали қабул, тартиби баргузории имтиҳоноти фосилавӣ ва ҷамъбастии донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва фосилавии зина бакалавр ва зинаи магистратура;
  • ба амал баровардани назорат ва додани тавсияҳои методӣ оид ба истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ дар ҷараёни таълим, мониторинги сатҳи маҳорату малакаи истифода бурда тавонистани онҳо аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯён;
  • гузаронидани семинарҳо бо мақсади такмили машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ, семинарӣ, лабораторӣ ва корҳои мустақилона, вобаста ба таҳлил ва ҷамъбасти сифати таҳсилот;
  • таҳия ва пешниҳоди маълумот оид ба натиҷаҳои мониторинг, назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот ба шӯрои олимон ва ректори донишгоҳ;
  • таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф кардани камбудиҳои дар ҷараёни таълим ҷойдошта ва мукаммал гардонидани сифати таҳсилот;
  • иштироки мунтазам дар машғулиятҳои омӯзгорон бо мақсади таҳлили сифати таҳсилот;
  • таъмини иҷрои фармоишоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои шӯрои олимон ва шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ, фармоишҳои ректори донишгоҳ дар самти такмили раванди таълим;
  • санҷиши вазъи таҳияи васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, комплексҳои таълимӣ методӣ, луғатномаҳои фаннӣ, аёниятҳо ва маводи презентатсионӣ аз тарафи омӯзгорон;
  • омӯзиш, таҳлил ва мавриди истифода қарор додани таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ оид ба ташкили раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти кредитӣ.

ШУЪБАИ БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ ВА БАРНОМАҲОИ РУШД

Шуъбаи банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои рушд ҳамчун сохтори таркибии Раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифат дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳадафи асосии фаъолияти шуъбаи банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои рушд таъмин намудани татбиқи Стратегияи рушди МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”  барои солҳои 2024-2040 мебошад.

Шуъбаи банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои рушд, ҳамчун қисми таркибии Раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифат ба ҳисоб рафта, вазифаҳои асосии зеринро иҷро менамояд:

  • ҳамоҳангсозӣ, таҳия ва такмили низоми стратегии идоракунии донишгоҳ, аз ҷумла таҳияи пешниҳодҳо оид ба тағйироти такмили сохтори ташкилии Донишгоҳ;
  • ташкили кор оид ба таҳия ва татбиқи стратегияҳо, барномаҳои рушди донишгоҳ, нақшаҳои стратегии воҳидҳои алоҳида ва самтҳои рушд, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ, ки рушди самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳро муайян мекунанд;
  • расонидани кумак ба факултетҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Донишгоҳ дар таҳияи стратегияҳо, нақшаҳои стратегӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ;
  • ташкили ҳамкории муассир байни воҳидҳои сохтории Донишгоҳ, намояндагони шӯъбаҳои маъмурӣ, таълимӣ, илмӣ, инноватсиони ва дигар шӯъбаҳои Донишгоҳ оид ба масъалаҳои банақшагирии стратегӣ бо мақсади ноил шудан ба афзалиятҳои стратегӣ, ҳадафҳо ва нишондиҳандаҳои банақшагирифташуда;
  • таъмини иттилоотию таҳлилии татбиқи стратегияҳо, барномаҳои комплексии рушди Донишгоҳ, нақшаҳои стратегии бахшҳои алоҳида ва самтҳои рушд, инчунин дигар хуҷҷатҳои стратегӣ;
  • баланд бардоштани самаранокии иҷро ва татбиқи стратегияҳо, барномаҳои маҷмӯии рушди Донишгоҳ, нақшаҳои стратегии шӯъбаҳои алоҳида ва самтҳои рушд, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии иҷрои онҳо, мусоидат ба ноил шудан ба афзалиятҳои стратегӣ, вазифаҳо, нишондиҳандаҳои рушди Донишгоҳ;
  • таҳия ва пешниҳоди маълумоти таҳлилӣ барои маъмурияти донишгоҳ дар самтҳои асосии фаъолият бо мақсади беҳтар намудани раванди қабули қарорҳо, банақшагирӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият;
  • иштирок дар семинарҳо ва конфронсҳо оид ба нақшагирии стратегӣ.