Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон и.в. директори МД “Маркази чумхуриявии такмили ихтисоси кормандони сохахои сайёхӣ ва хизматрасонӣ” Ширинзода Начмуддин ва директори МДТ “Литсей касбии саноати кимиёи шахри Левакант”-и назди Донишгоҳ Сафарзода Умедҷон дар конфронси байналмилалии Мугулистони Дохилии (Чин) оид ба рушди босифати маориф дар Вилояти Мугулистони Дарунии Ҷумҳурии Мардумии Чин, шаҳри Хухот иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қобили қайд аст, ки бо амиқтар шудани ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” мубодила ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ фаъолона пеш мераванд ва саъй рафта истодааст, ки дар якҷоягӣ бо шарикон як платформаи мубодилаи захираҳо ва ба ҳам алоқаманд барои таҳсилоти байналмилалӣ бунёд карда шавад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар конфронси болозикр намояндагон аз Чумхурии Точикистон Чумхурии Узбекистон, Белорусия, Россия, Инданезия ва Чумхурии Мардумии Чин иштирок доранд.