Рушди фаъолияти соҳибкории саноатӣ дар шароити саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти соҳибкорӣ яке аз воситаҳои асосии баландбардории сатҳи иқтисодиёти миллӣ буда, заминаи муосиди зиндагии шоистаи аҳолиро фароҳам меоварад.
Ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сарчашма гирифта, марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст.
Мавриди зикр аст, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқие қабул ва таҳия гардиданд, ки танзими фаъолияти соҳибкориро дар ин самт иҷро намуда истодаанд.
Яке аз шаклҳои фаъолияти соҳибкорие, ки имрӯзҳо дар мамлакат дар ҳоли рушд аст, ин соҳибкории саноатӣ мебошад. Соҳибкории саноатӣ омили калидии иҷрошавии ҳадафи чоруми стратегӣ, ки саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, суръат мебахшад.
Пешвои муаззами миллат соҳаи санотаро яке аз афзалиятноктарин соҳа арзёбӣ намуда, онро ҳамчун фишанги асосии инкишофдиҳандаи иқтисоди миллӣ ҳисоб намуданд ва тамоми дастовардҳои то инҷониб бадастомада маҳз аз талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ сарчашам мегирад.
Ҳамасола нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас аз ҷониби Пешвои миллат дар ҳоли афзоиш қарор доранд ва минбаъд низ ин равманд идома меёбад.
Рақамикунонии истеҳсолоти саноатӣ, мусоидаткунандаи раванди суръатёбии соҳаи саноат маҳсуб ёфта, рақобатпазирии молу маҳсулотҳои ватаниро таъмин менамояд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ, ки 28-уми декабри соли 2023 сурат гирифт, ишора намуданд, ки “соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд”.
Воқеан инкишофи соҳаи саноат боиси коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ гардида, аз ҷониби дигар рушди ММД-ро таъмин менамояд.
Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи мазкур аҳамияти махсусро зоҳир менамоянд.
Аз ҷониби Пешвои миллат қайд гардид, ки “Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад”.
Мавриди зикр аст, ки инкишоф ёфтани соҳаи саноат дарак аз иқдомҳои оқилонаву самимонаи Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мазкур мебошад.
Соҳаи саноати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ самараи хуберо ба бор оварда, боиси коҳиш ёфтани якчанд муаммоҳои макроиқтисодӣ гардидааст.
Ин ҳама нишондиҳандаҳо натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат буда, инъикоскунандаи сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати кишвар мебошад.
Соҳаи саноат имрӯзҳо комилан сифати навро ба худ касб намуда, заминаи муфиди инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро фароҳам овардааст.
Маврид ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираҳои канданиҳои фоиданок бой буда, дорои нодиртарин захираҳои табиӣ мебошад.
Дарвоқеъ ин гуфтаҳо собит менамояд, ки кишвари маҳбуби мо аз нуқтаи назари иқтидорнокии саноатӣ ва иктишофи пурраи онҳо ҳанӯз танқисӣ мекашад ва зарур аст, ки ҷиҳати инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат технологияҳои инноватсионӣ ворид карда шавад.
Аз нуқтаи назари илми иқтисодӣ барои коркарди ашёи хом воситаи коркарди он зарур аст ва дар ин замина моро зарур аст, ки ба сифати воситаи истеҳсолот технологияҳои наву замонавии иқтидоронкро ворид сохта, ба ин васила ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намоем.
Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор имтиёзҳо ҷиҳати рушди фаъолияти соҳибкории саноатӣ пешниҳод карда мешаванд.
Раванди ҷаҳонишавӣ тақозои онро менамояд, ки сатҳи инкишофи иқтисодиёти миллӣ дар доираи ҳадафҳои муайяну мушаххас роҳандозӣ карда шуда, тибқи нақша чорабиниҳои илман асоснок рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ таъмин карда шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи кишварҳои ру ба инкишофест, ки марҳила ба марҳила иқтисодиёташро рушд дода истодааст. Яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар ин соҳаи саноат маҳсуб ёфта, ташаккулу инкишофи он барои рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур арзёбӣ мегардад. Соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи тадбирҳои андешидаи саривақтии Ҳукумати кишвар комилан симои навро ба худ касб намуда, имрӯз яке аз фишангҳои асосии пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ гардидааст.
Бояд қайд намоем, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шуда, дар ин замина як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул карда шуданд, ки то имрӯз рушди соҳаро ба низом дароварда истодаанд.
Воқеан ташаббуси Сарвари давлат дар ин росто саривақтӣ маҳсуб ёфта, тамоми имкониятҳои мавҷуда баҳри дар амал татбиқ намудани мақсадҳои гузошташуда дар самти инкишофи соҳаи саноат равона карда шудааст.
Ғафуров С. Х.- омӯзгори кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *