Идомаи вохӯриҳо. Дар факултети молия ва қарз донишҷӯёни курси якум бо қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ шинос шуданд.

09 октябри соли ҷорӣ дар идомаи вохӯриҳо мулоқоти судманди намояндагони роҳбарияти Донишгоҳ бо донишҷӯёни курси якуми ихтисосҳои зертобеи факултети молия ва қарз доир гардид.
Зимни мулоқот масоили вобаста ба риояи Қоидаҳои тартиботи дохилии Донишгоҳ, имтиёзҳои амалкунанда, ҷалби донишҷӯён ба курсҳои забономӯзии назди Донишгоҳ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ, фарогирии донишҷӯён дар Барномаҳои табодули академӣ ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *