Бо мақсади баланд бардоштани раванди таълиму тарбия ва омода сохтани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнати дохил ва хориҷ, санаи 10-уми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вохӯрии судманди роҳбарияти Донишгоҳ бо донишҷӯёни курсҳои 1-и ихтисосҳои зертобеи факултети ҳуқуқ ва гумрук доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ, табодули академӣ ва дигар масоили мубраме, ки дар раванди таълим зарур аст, матраҳ гардид.
Дар давоми вохӯрӣ аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ оид ба имтиёзҳои амалкунанда барои донишҷӯёни болаёқат маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар интиҳои вохӯрӣ якчанд донишҷӯён ба роҳбарияти Донишгоҳ, саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатмандкунанда гирифтанд.