Конфронси байналмилалӣ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳошияи “Рӯзи соҳибкорон” конфронси илмию амалии байналмилалӣ баргузор гардид

14 октябри соли 2024 бахшида ба “Рӯзи соҳибкорон” дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои стратегии таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: омилҳо, тамоюлҳо ва сармоягузорӣ” баргузор гардид. Конфронси мазкур бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Дар конфронс раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, намояндагони Вазоратҳои молия, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, Хадамоти гумрук, Палатаи савдо ва саноат, Бонки миллӣ, Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе, шарикони хориҷӣ тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор конфронсро ҳусни оғоз бахшида, тамоми иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ҷашни “Рӯзи соҳибкорон” табрику таҳният намуд. Ректори донишгоҳ қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусиро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун яке аз воситаҳои калидии расидан ба ҳадафҳои миллии кишвар муайян намудааст. Дар ин раванд, саҳми фаъолияти соҳибкорӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, афзоиши шуғл ва тақвияти истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Сипас, дар қисмати пленарии конфронс муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холматиён Рустам, муовини якуми Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Анваров Насим, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ, намояндаи Ассотсиатсияи соҳибкории Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон бо маърӯза баромад намуданд.
Инчунин, маърӯзаи маҷозии профессори кафедраи менеҷменти сайёҳӣ ва меҳмондории Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г.В. Плеханов, Зайцева Наталия Александровна ва узви Ассотсиатсияи сармоягузорӣ ва соҳибкории Чин, Юанг Йинг шунида шуд.
Дар музокира кормандони Институти сайёҳӣ ва соҳибкории назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баромад намуда, перомуни рушди соҳибкорӣ, омилҳо ва тамоюлҳои ин раванд андешаронӣ намуданд.
Дар охири ҷаласаи пленарии конфронс дар асоси фармоиши муштараки ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ташкилоту идораҳо ва бонкҳо барои ташкили сатҳи баланди Намоиши дастовардҳо бахшида ба “Рӯзи соҳибкорон” бо “Сипоснома” қадрдонӣ гардиданд.
Пас, аз нисфирӯзи конфронс кори худро дар чор бахш идома дод.
ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, ДБССТ, 14.10.2024

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *