МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баргузории чорабинии маърифатӣ-сиёсӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

16 октябри соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-сиёсӣ бо иштироки полковник Умед Назаров баргузор гардид.
Инчунин, дар чорабинии мазкур ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, муовинони ректор, директорони институтҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор чорабиниро оғоз намуда, роҷеъ ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва чорабиниҳои доиргардида дар ин самт дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Қайд карда шуд, ки хушбахтона барои раёсати Донишгоҳ муяссар гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Муассиси муассисаи таълимӣ ва мақоми ваколатдори соҳа дар Донишгоҳ чорабиниҳои гуногун вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонону донишҷӯён доир карда шавад.
Ректори Донишгоҳ махсусан қайд намуданд, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Беҳтарин ҳуқуқдон”, конфросҳои байналмилалӣ, Ҳамоишҳои илмӣ, семинарҳои илмию назариявӣ, мизҳои мудаввари ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз чорабиниҳои доиргардида ба хотири амалисозии Нақшаи чорабиниҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошанд. Инчунин, ворид намудани фанни ҳуқуқ дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар соли 2024 аз иқдомҳои дигари раёсати Донишгоҳ дар ин раванд мебошад.
Сипас, полковник Назаров Умед доир ба зарурати эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани завқи азхудкунии қонунгузории амалкунандаи кишвар ибрози назар намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ ҳамчун рамзи эҳтиром барои ҳамкориҳои судманд ва иштироки пайваста дар чорабиниҳои маърифатӣ-сиёсӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии донишҷӯён полковник Назаров Умед бо “Сипоснома”-и раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ гардид.
ДБССТ, 16.10.2024

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *