Иштироки намояндагони Донишгоҳ дар Ассемблеяи генералии Иттиҳоди Донишгоҳҳои Авруосиё

25 октябри соли 2024 дар Донишгоҳи Айдини Истанбули Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи Ассемблеяи генералии Иттиҳоди Донишгоҳҳои Авруосиё баргузор гардид, ки намояндагони Донишгоҳ Зоирзода И.С. муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва омӯзгори Донишгоҳ Муштарӣ Ф. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи нишасти мазкур сессияҳои шабакавӣ, вохӯрӣ бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ доир гардида, ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд.
Зимни мулоқот бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ таҳкими ҳамкориҳо дар доираи қонунгузориҳои амалкунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *