13 сентябри соли 2023 дар доираи панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон, вазири маорифи Ҷумҳурии Туркманистон, муовини вазири маориф, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Бояд иброз намуд, ки баргузории Форуми болозикр дар самти густариши робитаҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда дошта, дар кори он намояндагони 70 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар интиҳои қисмати ифтитоҳии Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ маросими бастани созишномаҳои ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Дар маросими мазкур созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи шарқии Қазоқистон ба номи С. Амонжолова ба имзо расонида шуд, ки ба ташкили табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, даъвати профессорон, гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак, ташкили конференсия ва форумҳои муштарак ва амсоли инҳо нигаронида шудааст.
Раёсати робитаҳои байналмилалӣ