Санаи 12 сентябри соли 2023 ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон профессор Раҳимов Ғанишер Худойқулович бо ҳайати ҳамроҳонаш дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.
  Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнав Ғ.Х. Раҳимовро ба ҳузур пазируфт ва ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкорӣ дар самтҳои мухталифи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ гуфтушунид анҷом доданд. Дар натиҷаи гуфтушунид шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаи баимзорасида ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти табодули академии донишҷӯён, ташкил курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, даъвати профессорон, гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак, ташкили конференсия ва форумҳои муштарак ва амсоли инҳо ба роҳ монда шаванд.
  Сипас, меҳмонон бо пойгоҳи моддӣ-техникии омодасозии кадрҳо шинос шуданд. Пас аз боздид аз шароитҳо ва имконоти таҳсил ба сифати рамзи дӯстӣ ва эҳтиром “Лексияи меҳмон” – лексияи ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнав, д.и.ф., профессор Раҳимов Ғ. барои ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ташкил карда шуд.
Бахши робитаҳои байналмилалӣ

Leave a Comment