12 сентябри соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аввалин ҳимояи рисолаи илмӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-063 баргузор гардид.
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои рушди илму инноватсия, машғул шудан ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи иқтисод, гумрук, тиҷорат, ҳуқуқ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Олимону омӯзгорони донишгоҳ бо ҳисси баланди дарки масъулият дар замони рушди босуръати илм ва техника фаъолияти илмии худро идома дода, баҳри татбиқи дастовардҳои нав ба нави илмӣ кўшиши зиёд ба харҷ дода истодаанд. Аз ҷумла, дар самти амалӣ намудани талаботи «Консепсияи миллии ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» раёсати донишгоҳ раванди таъминот бо воситаҳои компютерӣ ва дигар технологияи муосирро ба куллӣ таҷдиди назар намуда, барномаи пурра электронӣ намудани раванди таълимро тавассути шабакаи ягонаи локалии донишгоҳӣ татбиқ менамояд.
Боварии комил дорем, ки фаъолияти Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-063 барои омода намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёти миллӣ саҳми босазо гузошта, дар рушди минбаъдаи илми ватанӣ нақши муассир мегузорад.
Раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ