31 октябри соли 2024 дар доираи иҷрои “Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои соли 2024” бо ибтикори кафедраи менеҷмент ва маркетинг конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар конфронси мазкур д.и.и., профессор, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ғаниев Т.Б., директори МД “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” Саидзода Ф., н.и.и., дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Солиева Н.Ш., декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамзамон профессори кафедраи муҳандиси электроника ва алоқаи Институти миллии такмили ихтисос ва тадқиқоти муаллимони техникии шаҳри Ченайи Ҳиндустон Дж. Кулантхайвер, кормандони Институти илмӣ-тадқикотии сайёҳӣ ва соҳибкории назди Донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад баромад карда, аз номи роҳбарияти Донишгоҳ меҳмононро хушомадед намуд. Аз ҷумла, мавсуф қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикстон дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақиятҳои беназирро дар самти рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ноил гардид, ки он дар навбати худ ба дараҷаи баланд ба татбиқи механизмҳои муосири идоракунӣ дар истеҳсолот таъсири мусбии худро расонид. Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар давраи муосири рушди иқтисодиёти мамлакат рушди менеҷменти муосир ҳамчун унсури муҳимми банақшагирӣ, ташкил ва назорати бахши воқеии иқтисодиёти кишвар ва дигар соҳаҳо баромад намуда, ба пастравии арзиши аслии мол ва болоравии рақобатпазирии он мусоидат хоҳад намуд.
Сипас, дар қисмати ҷаласаи пленарӣ олимон ва мутахассисон аз дохил ва хориҷи кишвар тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ баромад намуданд.
Дар охир иштирокчиёни конфронс ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Конфронс, пас аз нисфирӯзӣ кори худро дар бахши алоҳида идома дод.