Иштирок дар конференсияи байналмилалӣ

Рӯзҳои 11-13 ноябри соли 2024 намояндаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дотсент Хубони Сорбон дар конференсияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Сайёҳии тиббӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: мушкилот, дурнамо ва инноватсияҳо”, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Намояндаи донишгоҳ дастовардҳои илмӣ ва натиҷаи корҳои пажӯҳишии кафедраи хизматрасониҳои тиббӣ-осоишгоҳии донишгоҳро ба иштирокдорони конференсия муаррифӣ намуд.
Дар баробари ин, дар доираи баргузории конференсия масоили ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишкадаи рушди менеҷмент Сингапур дар шаҳри Тошканд баррасӣ гардиданд.
🌍Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *