Фазои меъмории муҳити шаҳр ва масоили рушди сайёҳӣ

Тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмии институти сайёҳӣ санаи 20.11.2024 бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён семинари илмӣ таҳти унвони “Фазои меъмории муҳити шаҳр ва масоили рушди сайёҳӣ” баргузор гардид. Дар оғози кори семинар муовини директори институт оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.ф., дотсент Мустафозода Нафиса кори семинарро ҳусни оғоз бахшида, мавзӯи матраҳшавандаро барои тавсеаи донишҳои касбии омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён дар самти сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуд. Номбурда қайд намуд, ки фазои шаҳрӣ ҷузъи муҳими иқтидори шаҳр буда, он вазифаи таърихии худро ҳамчун муҳаррики пешрафт дар ҳамаи соҳаҳо иҷро мекунад. Муҳити шаҳрии барои сокинону меҳмонон бароҳат таъминкунандаи некӯаҳволии ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоии сокинони шаҳр, инчунин рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр, ҷолиябияти сайёҳии он ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи кори семинар омӯзгори кафедраи географияи иқтисодӣ ва экология, номзади илмҳои таърих Бобоев М. дар мавзуи “Фазои меъмории муҳити шаҳр ва масоили рушди сайёҳӣ“ маърӯза ва рӯнамои ҷолибро пешкаш намуд. Дар рӯнамо таърихи ташаккул ва фарҳанги шаҳрсозии тоҷикон, инчунин бунёди фазои меъмории шаҳрсозӣ ҳамчун омили муҳими ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон барраси гардид.
Дар интиҳо, миёни иштирокдорони семинар мубоҳисаи хотирмон сурат гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *