21 ноябри соли 2024 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори муассиса профессор Асрорзода Убайдулло Саттор дар шаҳри Тианҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кори конфронси ҷаҳонии рушди таҳсилоти касбию техникӣ – 2024 (2024 World Vocational Education Development Conference) ширкат варзиданд.
Қобили қайд аст, ки дар кори конфронси мазкур беш аз 1000 намояндаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ширкат варзиданд. Дар бахшҳои алоҳидаи конфронс масоили мубрами рушди таҳсилоти касбию техникӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла ҳамбастагии таҳсилот-илм- истеҳсолот, таҳсилоти касбӣ ҳамчун муҳаррики асосии рушди устувори ҷаҳон, рушди низоми менеҷменти сифат, касбияти омӯзгорон ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Дар чорчӯбаи конфронси мазкур ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо ҳамтоёни хориҷии хеш вохӯрӣ доир намуда, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои донишгоҳро доир ба самтҳои мухталифи фаъолият мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамзамон, ба намояндагони васоити ахбори оммаи Чин оид ба фаъолияти донишгоҳ ва ҳадафи иштирок дар чорабинии болозикр гузориш дода шуд.