ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ЧЕНДУИ ЧИН

24 ноябри соли 2024 дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Коллеҷи илмҳои менеҷменти Донишгоҳи технологии Ченду (Chengdu University of Technology, CDUT; 成都理工大学) мулоқот анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони раёсати байналмилалӣ ва роҳбарони воҳидҳои таълимӣ аз ҳар ду донишгоҳ иштирок карданд. Зимни суҳбат ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои зеринро муҳокима намуданд:
– Табодули академӣ: Барномаи мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон.
– Фаъолияти муштарак: Ташкили барномаҳои муштараки илмӣ ва таълимӣ.
– Таҷрибаомӯзӣ: Ташкили таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ барои донишҷӯён.
Дар мулоқот инчунин роҳбарони кафедраҳои идоракунии соҳибкорӣ, тиҷорати электронӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ ва идоракунии логистика ширкат карданд.
Намояндагони муассисаҳо иброз намуданд, ки дар мувофиқа бо роҳбарони муассисаҳо ҳамкориҳо доир ба самтҳои мавриди назар дар доираи созишномаи ҳамкорӣ ба роҳ монда мешаванд.
Раёсати робитаҳои байналмилалӣ
24.11.2024
ш. Ченду, Чин

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *