Муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат

Муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат

 

Қурбонзода Зулфия Маҳмаднабӣ

Тел.: +992 979 66 00 10
e-mail: zukurbonova@mail.ru, zulkurbonova@gmail.com

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Қурбонзода Зулфия Маҳмаднабӣ – доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, мутахассиси шинохта дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, низоъшиносӣ, дипломатияи сабз ва рушди устувор. Аз соли 2011 фаъолона дар соҳаи илм фаъолият намуда, саҳми арзанда ба рушди самтҳои гуманитарӣ ва иҷтимоию экологӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз марзҳои он мегузорад.

Самтҳои таваҷҷуҳи илмии профессор Зулфия Қурбонзода доираи васеи масъалаҳои мубрамро дар бар мегиранд, аз ҷумла: ташаккул ва рушди институти дипломатияи сабз дар контексти стратегияи сиёсати хориҷии давлатҳо; ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амният, муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии обҳои фаромарзӣ; пешбурди ташаббусҳои глобалӣ ва минтақавӣ дар самти рушди устувор ва иқтисоди сабз; омӯзиши таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ оид ба татбиқи рӯзномаи сабз ва ташаккули институтҳои идоракунии устувор.

Профессор Зулфия Қурбонзода узви як қатор Шуроҳои диссертатсионӣ оид ба илмҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ буда, дар ташаккули мактабҳои илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва педагогӣ фаъолона саҳм мегузорад. Зери роҳбарии илмии ӯ рисолаҳои номзадӣ дар самтҳои дипломатия, сиёсати хориҷӣ ва амният бомуваффақият ҳимоя шудаанд.

Дар Донишгоҳ Қурбонзода Зулфия роҳбарии самтҳои банақшагирии стратегӣ, идоракунии сифат ва рақамикунонии равандҳои идоракунӣ ва илмию таҳсилотиро ба уҳда дорад. Ӯ барои таҳия ва татбиқи барномаҳои стратегии рушди донишгоҳ, мониторинги меъёрҳои сифат, инчунин барои ҳамгироии технологияҳои рақамӣ ҷиҳати автоматикунонии равандҳо, ки самаранокии фаъолияти донишгоҳро баланд мебардорад, масъул мебошад.

Барои саҳми назаррас дар рушди илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Қурбонзода бо унвони фахрии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2021) сарфароз гардонида шудааст.

Рӯихати корҳои илмӣ 

  1. https://elibrary.ru/author_items.asp?authorid=1240867&show_refs=1
  2. https://orcid.org/0000-0003-3079-2419
  3. https://scholar.google.com.ua/citations?view_op=list_works&hl=ru&user=qyk0IbsAAAAJ
  4. https://www.scopus.com/authid/detail.uri?authorId=59220825200&origin=recordpage