Дар доираи ҳамкориҳои судманд, роҳбарияти Институти стратегияи рушди илму технология ва Донишгоҳи технологии Чендуи Чин ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмонон бо шароити омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сайёҳию соҳибкорӣ ва пойгоҳи таълимии донишгоҳ аз наздик шинос шуда, ба он баҳои баланд доданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарият, намояндагони раёсати байналмилалӣ ва сардорони воҳидҳои таълимӣ аз ҳар ду донишгоҳ иштирок карданд. Зимни суҳбат ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима намуданд.
Намояндагони муассисаҳо иброз намуданд, ки ҳамкориҳо доир ба самтҳои мухталифи фаъолият, аз ҷумла табодули академӣ, иштирок дар лагерҳои тобистона ва зимистона, корҳои илмию таҳқиқотии муштарак дар доираи созишномаи ҳамкорӣ ба роҳ монда мешаванд.
Ёдовар бояд шуд кӣ намояндагони донишгоҳ 23 ноябри соли равон ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалӣ ба Донишгоҳи технологии Чендуи Чин ташриф оварда, мулоқот доир намуда буданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба сифати рамзи дӯстӣ ва эҳтиром, ҷонибҳо ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи раёсати муассисаҳо тақдим намуданд.