Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ

 

Ҷабборов Фатҳулло Амриевич
Тел.: (+992) 93 4888660
E-mail: iutetiro.tj@gmail.com, fathullo_a@mail.ru

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Фатҳулло Ҷабборов – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Аз соли 2005 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илми мамлакат фаъолият намуда, самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ ба масоили мубрами иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла қарзи хориҷӣ, соҳибкории истеҳсолӣ, саноат ва суноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат бахшида шудаанд.

Фатҳулло Ҷабборов муаллифи 3 монография, 10 васоит ва дастури таълимию методӣ, инчунин беш аз 100 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар соҳаҳои соҳибкорӣ, саноат, иқтисоди рақамӣ ва қарзи хориҷӣ мебошад.

Саҳми ӯ дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ назаррас буда, ҳамчун ҳамоҳангсози равобити байналмилалӣ ва коршинос дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Федератсияи Россия (2010, 2019, 2022), Италия (2013), Қазоқистон (2014), Қирғизистон (2015), Озорбойҷон (2015), Испания (2015), Нидерланд (2020), Гурҷистон (2022), Ҳиндустон (2022), Малайзия (2022), Олмон (2023, 2024), Ӯзбекистон (2023), Британияи Кабир (2023), Қатар (2023, 2024), Ҷумҳурии Мардумии Чин (2024) такмили касб намудааст.

Хизматҳои Ҷабборов Фатҳулло дар соҳаи илму маориф бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2012) ва ифтихорномаҳои вазорату идораҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Дар Донишгоҳ Фатҳулло Ҷабборов роҳбарии самтҳои робитаҳои хориҷӣ, байналмилаликунонии равандҳои таҳсилотӣ ва рушди робитаҳои шарикиро ба уҳда дорад. Ӯ барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сарбоягузорӣ ва барномаҳои грантӣ, тавсеа ва мустаҳкамсозии робитаҳои байналмилалии муассиса, инчунин мутобиқсозии фаъолияти воҳидҳои сохтории донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар дар фазои таҳсилотии байналмилалӣ масъул мебошад.

Рӯйхати корҳои илмӣ: https://www.elibrary.ru/query_results.asp