Бо ҳадафи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани пойгоҳи муосири омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ 5 декабри соли 2024 дархостҳои лоиҳавӣ ва барномаҳои грантии донишгоҳ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳа ба масъулини ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорӣ, шарикони рушд, инчунин агентиҳои ҳамкории байналмилалӣ муаррифӣ карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии мазкур намояндагони дафтари Бонки Исломии Рушд (IsDB), Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID), Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) ва масъулини Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои “Рушди инфрасохтори таълимӣ”, “Рақамикунонии таҳсилот”, “Иқтисоди “сабз”, “Тиҷоратикунонии коркардҳои илмӣ ва инноватсионӣ”, “Тиҷорати электронӣ”, “Зеҳни сунъӣ”, “Сайёҳӣ” ва амсоли инҳо ба ташкилотҳои маблағгузор тариқи рӯнамо муаррифӣ гардиданд.
Муассисаву ташкилотҳои болозикр ба дархостҳои лоиҳавӣ ва барномаҳои грантии таҳиянамудаи ҳайати илмию омӯзгорӣ ва воҳидҳои сохтории донишгоҳ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, атрофи онҳо мулоҳизаронӣ намуданд.
Аз ҷониби иштирокдорони чорабинӣ иброз гардид, ки ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳо вобаста ба самтҳои фаъолияти ташкилотҳо ва агентиҳо тибқи тартиби мавҷуда корбарӣ сурат мегирад.