ИШТИРОКИ МУОВИНИ ЯКУМИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МОЛИЯ

07 декабри соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи касбии кормандони мақомоти молия” ва “Рӯзи байналмилалии бонкҳо” конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Равандҳои муосири молиявию қарзӣ: мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимнан, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон професор Асрорзода Убайдулло Саттор иштирокчиёни конфронс ва меҳмонони ташрифовардаро ба Донишгоҳ самимона хайрамақдам гуфта, таҷлили “Рӯзи касбии кормандони мақомоти молия”-ро дар Тоҷикистон самараи соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷӯҳи хоссаи Роҳбарияти олии кишвар ба ин ниҳоди давлатӣ баён намуд.
Ректори Донишгоҳ бо сарфарозӣ баён намуд, ки муассиси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон мебошад ва мо пайваста дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама самтҳои фаъолияти донишгоҳ ҳис мекунем ва масъулият дорем, ки сатҳу сифати таҳсилро баланд бардошта, тавассути омода намудани кадрҳои дар бозори дохил ва хориҷи кишвар рақобатпазир саҳми назарраси худро дар рушди устувори ватани азизамон гузорем.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло зимни баромади хеш барои ташкили сатҳи баланди конфронси байналмилалӣ ва зоҳир намудани таваҷҷуҳи хос ба таҷлили сазовори “Рӯзи кормандони мақомоти молия” миннатдории самимии хешро ба роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баён намуд.
Қайд карда шуд, ки имрӯз мо дар як марҳилаи муҳим қарор дорем, ки масъалаҳои марбут ба низоми молиявӣ-қарзӣ ҳамчун заминаи асосии рушди устувори иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон аҳамияти хос пайдо кардаанд. Ҷаҳони муосир бо мушкилот ва таҳаввулоти гуногуни иқтисодӣ дучор гаштааст, ки зарурати баҳси масоили молиявӣ-қарзиро ҳарчи бештар равшан месозад. Таъсири буҳронҳои энергетикӣ то дигаргуниҳои муҳити сиёсиву иқтисодӣ, кишварҳои оламро водор месозад, ки стратегияи молиявии худро тағйир дода, ба ҳолатҳои ғайриинтизор мутобиқ гарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин раванд фаъолона иштирок менамояд ва талошҳои пайвастаро барои таъмини суботи молиявӣ ва устувории иқтисодӣ ба харҷ медиҳад.
Муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ифтихор баён намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои молия, қарз ва иқтисод ноил гардидааст. Сиёсати иқтисодии устувор, ки ба таъмини рушди миллӣ ва некӯаҳволии аҳолии кишвар равона шудааст, бо тавассути мақомоти молия ва қарзию бонкӣ татбиқ мегардад.
Сипас, дар ин қисмати ҷаласаи ифтитоҳии конфронс “Сипоснома” ва “Ифтихорномаҳо”-и раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба меҳмонон ва омӯзгорони Донишгоҳ бахшида ба “Рӯзи касбии кормандони мақомоти молия” ва “Рӯзи байналмилалии бонкҳо” аз ҷониби меҳмонон тақдим гардиданд.
Дар қисмати дигари конфронс бо сухани табрикотӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ дар ҳошияи “Рӯзи касбии кормандони мақомоти молия” ва “Рӯзи байналмилалии бонкҳо” ҳизиринро табрику таҳният намуд. Мавсуф, доир ба саҳми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар раванди омода намудани мутахассисони баландихтисос ибрози назар намуда, иқдомҳои роҳбарияти Донишгоҳро дар ин росто қобили дастгирӣ арзёбӣ намуд.
Дар идомаи конфронс муовини раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Ризвонзода Фирдавс Зикр дар мавзуи “Технологияҳои пардохт, системаҳо ва воситаҳо дар ташаккули муносибатҳои молиявӣ”, н.и.и., дотсент, сардори шуъбаи таҳлил ва ҷалби маблағгузории ФҚХ “Фонди бозтамвил” Ҷураев Беҳзод Машрафович дар мавзуи “Хавфҳо дар низоми қарздиҳии истеъмолӣ ва зарурати батанзимдарории он” ва н.и.и., дотсент сардори раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазирзода Собир дар мавзуи “Такмили қонунгузорӣ, рақамикунонӣ ва маъмурикунонии андоз” бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Конфронс, баъд аз нисфирӯзӣ кори худро дар ду бахш идома дод. Қобили қайд аст, ки маводи конфронс бо сатҳу сифати баланд аз чоп баромад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *