Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин санаи 20.12.2024 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон – муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат Фарҳод Шаропов ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Институти илмию тадқиқотии иқтисоди сабз Муҳаммадҷон Ҷумаев дар Донишгоҳи иқтисодии Чин – Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо роҳбарияти ширкати байналмилалии машваратии Чин оид ба табодули донишҷӯён вохӯрӣ ба анҷом расониданд. Дар натиҷаи вохӯрӣ созишнома оид ба табодули донишҷӯён ба имзо расонида шуд, ки дар доираи он соли 2025 4 нафар омӯзгор ва 40 нафар донишҷӯи ДБССТ барои табодули таҷриба ба донишгоҳҳои Чин фиристода хоҳанд шуд. Тибқи созишнома хароҷоти табодули мазкур аз ҷониби Фонди Роҳи Абрешими Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj