МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИЯТИ КОЛЛЕҶИ САЙЁҲӢ ВА ФАРҲАНГИ ДОНИШГОҲИ ҶИНАН

Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин санаи 21.12.2024 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон – муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат Фарҳод Шаропов ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Институти илмию тадқиқотии иқтисоди сабз Муҳаммадҷон Ҷумаев дар Донишгоҳи шаҳри Ҷинан бо роҳбарияти Коллеҷи сайёҳӣ ва фарҳанги мулоқот анҷом расониданд. Дар раванди вохӯрӣ масъалаҳои марбут бо табодули омӯзгорону донишҷӯён, гузаронидани чорабиниҳои муштарак, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар ҳама самтҳо ба роҳ монда, зимни боздиди намояндагони Чин аз ДБССТ паҳлуҳои гуногуни шарикӣ баррасӣ хоҳад гашт ва аз тарафи роҳбарони муассисаҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *