ИМЗОИ ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ИНСТИТУТИ ИЛМИЮ ТАДҚИҚОТИИ ИНКИШОФИ ЧИНИ ҒАРБӢ ВА МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИИ ОСИЁИ МАРКАЗИИ ОН ДАР САМТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ САБЗ

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин санаи 23.12.2024 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон – муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат Фарҳод Шаропов ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Институти илмию тадқиқотии иқтисоди сабз Муҳаммадҷон Ҷумаев бо роҳбарияти Институти илмию тадқиқотии инкишофи Чини Ғарбӣ ва Маркази таҳлилии Осиёи Марказии он мулоқоти судманд анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои тарафайн дар самти гузаронидани форуму конфронсҳои байналмилалии муштарак, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ дар самтҳои гуногун, бахусус дар соҳаҳои рушди устувор ва иқтисоди сабзро муҳокима намуданд. Дар натиҷаи мулоқот шартнома оид ба ҳамкорӣ дар байни Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ ва ташкилоти болозикр ба имзо расонида шуд. Мувофиқа ҳосил гардид, ки дар соли 2025 вонибҳо дар ҳамоҳангӣ як қатор конфронсҳои байналмилалиро дар самти рушди иқтисоди сабз, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист ба нақша хоҳанд гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *