Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 21 ноябри соли 2023 таҳти роҳбарии ректори муассиса муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор дар ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии QTM – 2023, ки рӯзҳои 20-22 ноябри соли 2023 дар Давлати Қатар баргузор гардида истодааст, иштирок намуданд.
   Зимни боздид аз гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон, намояндагони донишгоҳ дар чорабинии рӯнамоии зарфиятҳо ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон, ки бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини ширкатҳои сайёҳии мамлакат ва давлатҳои хориҷӣ доир гардид, ширкат варзиданд.
    Ҳамзамон, дар доираи намоишгоҳи мазкур мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳ бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва ассотсиатсияи шабакаи меҳмонхонаҳои Қатар, инчунин ширкатҳои маъруфи самти сайёҳӣ ва меҳмондории ҷаҳонӣ сурат гирифт. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи фаъолияти муассисаҳо баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, мулоқоти судманди ректори донишгоҳ бо роҳбарияти шабакаи маъруфи меҳмонхонаҳои “Katara Hospitality”, ки дорои филиалҳои зиёди меҳмонхонаҳо дар давлати Қатар ва мамлакатҳои хориҷӣ мебошад, анҷом гирифт.
     Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисосу самтҳои дахлдор ба таҷрибаомӯзӣ ва таҷрибаивазкунӣ, ҳамзамон минбаъд ба кор фаро гиранд.

Leave a Comment