РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва инкишофи муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар кишвар аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили мукаммалсозии низоми автоматикунонӣ ва рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Зеро дар партави тамоюлҳои ҷаҳони имрӯз, ҳамгироии фаъоли иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоҷагии ҷаҳонӣ, ҷорисозии технологияҳои навин, инчунин зуҳуроти навин дар самти пешрафти илму техника зарурати татбиқи технологияҳои рақамиро дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ тақозо менамояд.
Дар марҳалаи кунунии рушд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли. 2030 ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Бо вуҷуди ин, таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла низоъҳои сиёсии минтақавӣ, таъсири манфии таҳримҳо, тағйирёбии иқлим ва гусаста шудани занҷираҳои ҷаҳонии таъминот водор месозанд, ки барои таҳкими иқтисоди миллӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин воқеиятҳо посух дода, гузариш ба иқтисоди рақамиро ҳамчун яке аз самтҳои калидии муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян намуд.
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 иброз доштанд: “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”.
Ҳамзамон, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, дар самти таҳвили рақамии соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва рушди инноватсия нақши муассир дорад.
Дарвоқеъ, имрӯз рақамикунонӣ соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллиро фаро гирифта, ба таъмини ҳамкории мутақобилаи ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ, давлат ва бахши хусусӣ, инчунин ба баландбардории самаранокӣ ва шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ мусоидат менамояд.
Бояд иброз намуд, ки рақамикунониро ҳамчун тамоюли инкишофи самаранокӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар он ҳолате баррасӣ намудан мумкин аст, ки агар таҳвили рақамии иттилоот фарогири истеҳсолоти саноатӣ, соҳибкорӣ, илм, соҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳаёти маъмулии шаҳрвандон, муносибатҳои молиявию иқтисодӣ, малакаи мутахассисон дар самти кор бо технологияҳои рақамӣ ва амсоли инҳо бошад.
Вобаста ба ин, ҷиҳати рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш пешниҳод намуданд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
🔹такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
🔹то шабакаҳои 5G инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
🔹рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
🔹рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
🔹истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
🔹андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
🔹ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Нуктаҳои зикршудаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули иқтисоди рақамӣ ҳамчун асоси рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ равона шудаанд.
Тадбирҳои мазкур гузариши босуръат ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, густариши инфрасохтори рақамӣ, таъсиси махзани миллии маълумот ва рушди шабакаҳои муосирро дарбар мегиранд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба баланд бардоштани маърифати рақамӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, таъмини амнияти киберӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ барои пешбурди низоми хизматрасонӣ равона гардидааст.
Гузариш ба иқтисоди рақамӣ натанҳо ба шаффофият ва самаранокии хизматрасониҳоро мусоидат мекунад, балки имконияти идоракунии самарабахшро фароҳам месозад. Ба ин васила, Тоҷикистон метавонад аз таҳаввулоти технологӣ истифода намуда, рақобатпазирии иқтисодиро дар сатҳи байналмилалӣ афзоиш диҳад.Тавре аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат бармеояд, рақамикунонии иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатии Тоҷикистон аст, ки татбиқи он ба шаффофият, самаранокӣ ва рақобатпазирии иқтисоди кишвар мусоидат мекунад.
Бо дарназардошти афзалиятҳои пешниҳодшуда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузариш ба иқтисоди рақамӣ метавонад Тоҷикистонро ба сатҳи нави рушд барорад ва шароитҳои беҳтарро барои давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фароҳам созад.
Рақамикунонӣ на танҳо омили пешрафти иқтисодӣ, балки заминаи устувори беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум шуда метавонад.
Ҳамин тавр, мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унсурҳои алоҳидаи технологияҳои рақамӣ татбиқ шуда истодаанд. Вале, боиси тазаккур аст, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рақамикунонӣ дар панҷсолаи минбаъда дар кишвар бояд тадбирҳои судманд баҳри ҳалли масоили болозикр андешида шаванд.
Фатҳулло Ҷабборов – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ
ва соҳибкории Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *