ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: РОҲНАМОИ РУШДИ УСТУВОР ВА ПЕШРАФТ

Имрӯз, 28 декабри соли 2024, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми анъанавии худро ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд. Дар ин ҳуҷҷати беназир, ки ҳамчун роҳнамои рушди стратегӣ хизмат мекунад, дурнамои устувори кишвар дар шароити ҷаҳони муосир ва тағйироти глобалӣ дар ҳама самтҳо равшан баён гардид.
Дар Паём таъкид шуд, ки рушди иқтисодӣ бояд ба принсипҳои устуворӣ, худтаъминкунӣ ва рақобатпазирӣ асос ёбад. Пешвои миллат зарурати таҳкими иқтидорҳои дохилӣ, махсусан дар соҳаҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалиро қайд карданд.
Бо ибтикороти Пешвои миллат, Тоҷикистон ба яке аз марказҳои энергетикии минтақа табдил меёбад. Лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла НБО “Роғун”, на танҳо талаботи дохилиро таъмин мекунанд, балки ба содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамоянд.
Барои таъмини истиқлолияти озуқаворӣ, Президенти мамлакат аз зарурати ворид намудани технологияҳои пешрафта дар кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва беҳтар намудани инфрасохтори деҳот сухан ронданд.
Президенти кишвар соҳибкориро омили калидии рушди иқтисодӣ номиданд. Дар Паём зикр шуд, ки ҳукумат барои ҷалби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ, ҷорӣ намудани сабукиҳои андозӣ ва кам намудани монеаҳои маъмурӣ чораҳои нав хоҳад андешид. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди соҳибкории хурду миёна ҳамчун воситаи асосии эҷоди ҷойҳои нави корӣ равона хоҳад шуд.
Маориф дар сиёсати Пешвои миллат ҳамеша дар мадди аввал қарор дорад. Дар Паём пешниҳод гардид, ки дар баробари сохтмони муассисаҳои таълимии замонавӣ, бояд ба сифати таълим, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ва татбиқи барномаҳои таълимии инноватсионӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Илова ба ин, Пешвои миллат аз нақшаи ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф ва тақвияти барномаҳои таълимии касбӣ, ки ҷавобгӯи ниёзҳои бозори меҳнат мебошанд, ёдовар шуданд.
Дар Паёми имрӯза таъкид шуд, ки сифат ва дастрасиҳои хизматрасониҳои тиббӣ бояд ба сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шаванд. Бо ташаббусҳои Пешвои миллат, маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори тиббӣ аз нав сохта ва муҷаҳҳаз карда мешавад.
Паёми имрӯзаи Пешвои миллат як ҳуҷҷати стратегӣ ва роҳнамои миллат барои даҳсолаи оянда мебошад. Ин ҳуҷҷат на танҳо самтҳои сиёсати давлатӣ, балки фалсафаи рушди Тоҷикистонро муайян менамояд.
Бо чунин роҳбарияти хирадмандона ва масъулиятшиносӣ, Тоҷикистон ба сӯи ояндаи пурифтихор ва шукуфо пеш хоҳад рафт, ки дар он ҳар як шаҳрванди кишвар худро як ҷузъи муҳим ва фаъоли ҷомеаи пешрафта эҳсос мекунад.
Алимова Муборак Алимҷоновна – и.в. мудири шуъбаи рушди устувори соҳаҳои хизматрасонии Институти илмӣ-таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *