РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ ВА НАҚШИ ОН ДАР ПЕШРАФТИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Паёми имрӯзаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсус таъкид гардид, ки таҳкими саноатикунонии мамлакат ва гузариш ба иқтисодиёти сабз аз муҳимтарин ҳадафҳои ояндаи давлат маҳсуб меёбад. Ҷиҳати расидан ба ин маром, истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои захираҳои обию энергетикӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои муосир дар кишоварзӣ ва саноат, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва масъулияти экологӣ миёни аҳолӣ, ҳамчунин рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ омили асосии таъмини рушди босубот ва беҳбудии ҷомеа арзёбӣ шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир дар самти таҳким бахшидани сохтори давлатӣ, таъмини зиндагии шоиста барои шаҳрвандон ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии худ, аз ҷумла ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, рафъи бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат, қадамҳои назаррас гузошта истодааст. Яке аз омилҳои муҳими расидан ба ин ҳадафҳо, ки дар сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон батакрор таъкид мешавад, густариш бахшидани ғояи “иқтисодиёти сабз” мебошад. Ин ғоя, пеш аз ҳама, истифодаи самараноки манбаъҳои энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва устувории экологиро дар рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дарбар гирифта, маънои мунтазам гардондани равандҳои истеҳсолӣ, истеъмолӣ ва танзими тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро дорад, ки дар натиҷа рушди иқтисодӣ бо ҳифзи муҳити зист амалӣ мегардад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обӣ ва иқтидорҳои нодири гидроэнергетикӣ мебошад, гузариш ба иқтисодиёти сабз манфиатҳои зиёд меорад, зеро кишвар бо мавқеи кӯҳии худ ва дарёҳои серобаш имкони беҳтарини истеҳсоли нерӯи барқии сабзро дорад. Сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург дар минтақаҳои дурдаст имкон медиҳад, ки аҳолӣ ба манбаъҳои доимӣ ва безарари энержӣ дастрасӣ пайдо намояд ва нерӯи тоза барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ низ истифода гардад, ки дар натиҷа арзиши аслии маҳсулотро паст намуда, мавқеи кишварро дар бозори байналмилалии энержии сабз таҳким мебахшад.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ ҷорӣ кардани технологияҳои каммасраф, истифодаи самараноки обёрӣ ва истеҳсоли маҳсулоти экологии баландсифат имкон медиҳанд, ки талаботи дохилӣ қонеъ гардад ва ҳамзамон содироти чунин молу маҳсулот дар бозорҳои хориҷӣ афзоиш ёбад. Бо равиши “иқтисодиёти сабз”, инчунин дар саноат бояд истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва нерӯи барқии сабз тавсеа ёбад, то корхонаҳои саноатӣ ҳам рақобатпазир шаванд ва ҳам осеби расондаашон ба муҳити зист коҳиш ёбад. Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои осебпазир дар робита ба тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо, бояд барои беҳсозӣ ва ҳифзи муҳити зист талошҳои зиёде анҷом диҳад. Ҳифзи пиряхҳо, мониторинги ҳолати онҳо, рушди инфрасохтори сабз дар шаҳрҳо ва татбиқи нақшаҳои муайяни давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист дар оянда метавонад сифати зиндагии мардумро беҳтар намуда, саломатии онҳоро таъмин созад.
Барои расидан ба чунин ҳадафҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва илму маориф нақши муҳим мебозанд. Ҳукумати кишвар тавассути ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ, Бонки ҷаҳонӣ ва ғайра, саъй дорад, ки таҷҳизот, технология ва мутахассисони варзидаеро дар самти рушди сабз ворид намояд. Аз тарафи дигар, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд ихтисосу фанҳои марбут ба иқтисодиёти сабз, идоракунии муҳити зист, нерӯҳои барқароршаванда ва саноатикунонии тоза ворид карда шаванд, то кадрҳои соҳибихтисос омода гарданд. Рушди иқтисодиёти сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад боиси баланд гардидани рақобатпазирӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар шудани сифати зиндагӣ ва ҳифзи муҳити зист гардад. Татбиқи ин раванд, ки дар сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шудааст, омили калидии таъмини рушди босуботи кишвар дар давраи кунунӣ ва оянда хоҳад буд.
Ходими хурди Институти илмӣ-таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисодиёти сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Қурбонов Маъруф Муидинович

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *