7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ дар сохторҳои таркибии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Ректори Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор муассисаҳои навтаъсиси илмию тадқиқотии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъин карда шуданд.
Ҳамин тавр, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Наҷмуддин Асомадин директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон», Сафозода Абдумаҷид Карим ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Данғара»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон», Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Левакант»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон», Шарофзода Фарҳод Разоқ директори Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон», Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ директори Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъин гардиданд.
Инчунин, бо Розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Фазлидин Садриддин директори «Институти таълимии сайёҳӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон», Мирзозода Абдусалом Назаралӣ директори «Институти таълимии технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» ва Ҷураева Хайринисо Ҳайдаровна директори «Институти таълимии иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои навтаъинро ба фаъолияти содиқонаю софдилона дар роҳи хизмат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон, наздик будан бо аҳолӣ, риояи фарҳанги волои муомилаю муошират, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ривоҷ додани корҳои созандагию ободонии кишвар ҳидоят намуданд.