Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ СОҲАҲОИ САЙЁҲӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ”
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар,Кӯшониён, Вахш ва Ёвони вилояти Хатлон 14-ум то 15-уми декабри соли 2023 баён доштанд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли соли 2024 таъсис ёфта, Шумораи ниҳоии кормандони он 54 воҳид бо дар назар доштани ҳайати хизматрасон муқаррар карда шудааст.
Марказ бо Шаҳодатномаи ИА №0309209 аз 12.09.2024, оиди бақайдгирӣ давлатӣ, ки аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақами мушахаси Андозсупоранда аз санаи 12.09.2024, №030037855 ва Иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимиро бароҳ монда, барои аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ аз рӯйи 16 ихтисос: Роҳбалад, Роҳбалад-экскурсавод, Турагент, Кӯҳнавард, Пешхизмат, Ходими меҳмонхона, Ошпази таомҳои миллӣ, Ошпаз-қаннод, Нонпаз-қаннод, Фурӯшандаи маводи хӯрока, Ҳунарҳои миллӣ, Дӯзанда, Ороишгар (рӯй, мӯй, нохун), Хизматрасони нақлиёти мусофирбар, Маҳорати педагогӣ барои кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олиии касбӣ бароҳ монда, инчунин аз рӯйи курсҳои кутоҳмудати касбомӯзии якмоҳа, думоҳа ва семоҳа аз руйи касбҳои Роҳбалад, Роҳбалад-экскурсавод, Турагент, Туроператор, Кӯҳнавард, Пешхизмат, Ходими меҳмонхона, Ошпази таомҳои миллӣ, Ошпаз қаннод, Нонпаз-қаннод, Ҳунарҳои миллӣ, Дӯзанда, Сартарош (ороишгари рӯй, мӯй, нохун), Фурӯшандаи маводи хӯрока, Забони русӣ, Забони англисӣ, Забони олмонӣ, Забони хитоӣ, Асосҳои омӯзиши компютерӣ, Хазинадор ва барномаи 1С Муҳосибот ба роҳ монда шудааст.