Робитаҳои шарикии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҳиндустон тақвият меёбанд.
Дар доираи сафари кории намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон силсилаи вохӯриҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар дар риштаҳои сайёҳӣ, менеҷменти гардишгарӣ, меҳмондорӣ, соҳибкорӣ ва технологияҳои иттилоотӣ анҷом дода шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки нахуст вохӯрии масъулини донишгоҳ бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон сурат гирифта, барномаи вохӯрӣ ва мулоқот танзим гардиданд.
Дар доираи сафари мазкур мулоқоти муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ҷабборов Фатҳулло Амриевич бо роҳбарияти Донишгоҳи Деҳлии Ҳиндустон, Донишгоҳи Лакноу ва Донишкадаи сайёҳӣ ва менеҷменти гардишгарии Ҳиндустон сурат гирифт.
Зимни гуфтушунид масоили мубрами ҳамкориҳои академии ҷонибҳо дар самтҳои табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷалби омӯзгорону профессорони ҷонибҳо, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, таҳқиқоти илмии муштарак, баргузории конфронсу ҳамоишҳои муштарак ва амсоли инҳо баррасӣ гардиданд.
Аз вохӯриҳои мазкур чунин натиҷаҳо ҳосил гардиданд:
1. Зимни мулоқот роҳбарияти Донишгоҳи Лакноу ризоияти хешро ҷиҳати табодули академии 20-25 нафар донишҷӯён, ташкили таҳсилоти дудиплома, такмили ихтисоси омӯзгорон ва даъвати профессорони ҷонибҳо иброз намуд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ва созишномаи ҳамкорӣ роҳандозӣ мегардад. Рӯзҳои 13-17 январи соли 2025 сафари кории роҳбарияти Донишгоҳи Лакноу ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ки дар доираи он вохӯрӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва имзои созишномаи ҳамкории мувофиқашуда ба нақша гирифта шуд;
2. Донишгоҳи Деҳлии Ҳиндустон дар марҳилаи аввал, омодагии хешро ҷиҳати баргузор намудани курсҳои омӯзишӣ ва бозомӯзӣ дар самти IT – технологияҳо, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ барои омӯзгорону донишҷӯён моҳҳои май-июни соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иброз намуд, ки дар доираи созишномаи ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад.
3. Донишкадаи сайёҳӣ ва менеҷменти гардишгарии Ҳиндустон омодагии хешро ҷиҳати ташкили табодули академии донишҷӯён, таҳқиқоти илмии муштарак дар самти сайёҳӣ ва даъвати профессорони ҷонибҳо иброз намуд.
Ҳамин тавр, вохӯрии намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо раҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҳиндустон идома ёфта, аз натиҷаи вохуриву мулоқот маълумот пешниҳод мегардад.