Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.
Вобаста ба ин, раёсати донишгоҳ пайваста ҷиҳати татбиқи амалии пешниҳоди мазкур ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси самти иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар заминаи вусъати ҳамкориҳои байнимуассисавӣ бо шарикони хориҷӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ректори яке аз донишгоҳҳои пешқадами самти технологияхои рақамии Ҳиндустон – Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Нимрана профессор Пракаш Гопалан вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни гуфтушунид масъалаи роҳандозии ҳамкориҳо дар самти омодасозии муштараки мутахассисони самти технологияхои рақамӣ, табодули академии донишҷӯён, ташкили курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, даъвати профессорони ҷонибҳо ва амсоли баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва созишномаи ҳусни тафоҳум тадбирҳои зикршударо марҳила ба марҳила амалӣ созанд.