ЭЪЛОНИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ

Муассисаи давлатиии “Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерини холӣ озмун эълон менамояд:
1. Роҳбарият:
– муовини директор – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи муовини директор:
Таҳсилот:
– доштани дараҷаи илмии доктори илм дар соҳаҳои техника, биология, идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, энергетика ва ё дигар соҳаҳои марбут ба рушди устувор ва иқтисоди сабз.
Таҷрибаи корӣ:
– ҳадди ақал 10 сол таҷрибаи корӣ дар самтҳои илмию тадқиқотӣ, роҳбарӣ ё идоракунии давлатӣ;
– иштироки фаъол дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмию тадқиқотии миллӣ ва байналмилалӣ.
Маҳоратҳо ва малакаҳо:
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
– донистани забонҳои англисӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад).
– донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– қобилияти баланди роҳбарӣ ва идоракунии муассисаҳои илмӣ;
– қобилияти таҳияи стратегияҳои рушд ва идоракунии лоиҳаҳо;
– дониши амиқ дар соҳаи рушди устувор ва иқтисоди сабз.
Дигар талабот:
– нашри мақолаҳои илмӣ бо забонҳои хориҷӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ;
– қобилияти ҷалби сармоягузории байналмилалӣ ба лоиҳаҳои тадқиқотӣ.
2. Шуъбаи таҳқиқоти энергияи сабз
– мудири шуъба – 1 ҷой.
– ходими калони илмӣ – 1 ҷой.
– ходими илмӣ – 1 ҷой.
– ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
3. Шуъбаи таҳқиқоти саноати сабз ба иқтисоди даврӣ
– мудири шуъба – 1 ҷой.
– ходими калони илмӣ – 1 ҷой.
– ходими илмӣ – 1 ҷой.
– ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
4. Шуъбаи кишоварзии устувор ва амнияти озуқаворӣ
– мудири шуъба – 1 ҷой.
– ходими калони илмӣ – 1 ҷой.
– ходими илмӣ – 1 ҷой.
– ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
5. Шуъбаи рушди устувори соҳаҳои хизматрасонӣ
– ходими калони илмӣ – 1 ҷой.
– ходими илмӣ – 1 ҷой.
– ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
6. Шуъбаи таҳқиқоти муҳити зист ва идоракунии захираҳои табиӣ
– ходими калони илмӣ – 1 ҷой.
– ходими илмӣ – 1 ҷой.
– ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
7. Шуъбаи рушди шуғли сабз ва маърифати экологӣ
– ходими калони илмӣ – 1 ҷой.
– ходими илмӣ – 1 ҷой.
– ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
8. Шуъбаи таҳқиқоти масъалаҳои ҳуқуқии рушди устувор
– ходими калони илмӣ – 1 ҷой.
– ходими илмӣ – 1 ҷой.
– ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
9. Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз
– мудири шуъба – 1 ҷой.
– ходими калони илмӣ – 1 ҷой.
– ходими илмӣ – 1 ҷой.
– ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи мудири шуъба:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои иқтисодӣ, техникӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ ва ё дигар соҳаҳои марбут ба рушди устувор ва иқтисоди сабз, ки иҷрои самараноки вазифаҳои эълоншударо таъмин карда метавонанд;
– доштани дараҷа ва унвони илмӣ;
– донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– на кам аз 5 сол доштани собиқаи кории фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
– донистани забонҳои русӣ ва англисӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад).
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи ходимони илмӣ:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои иқтисодӣ, техникӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ ва ва ё дигар соҳаҳои марбут ба рушди устувор ва иқтисоди сабз, ки иҷрои самараноки вазифаҳои эълоншударо таъмин карда метавонанд;
– доштани дараҷа ва унвони илмӣ (барои ходими калон ва ходими илмӣ);
– на кам аз 3 сол доштани собиқаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ;
– донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
– донистани забонҳои русӣ ва англисӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад).
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иштирок дар озмун:
Барои иштирок дар озмун барои ишғоли ҷойҳои холӣ, довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
1. Ариза ба унвонии директори Муассиса
2. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот
3. Тарҷумаи ҳол (CV)
4. Нусхаи шиноснома
5. Рӯйхати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ
6. Тавсияномаҳо (агар мавҷуд бошад)
7. Нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҷрибаи корӣ
8. 2 акси ранга (андозаи 3×4 см)
Тартиби супоридани ҳуҷҷатҳо:
Ҳуҷҷатҳоро метавон тавассути почтаи электронӣ ба суроғаи green.iutet@gmail.com фиристод ё шахсан ба унвонии Муассисаи давлатии “Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Телефон барои маълумоти иловагӣ:
985-77-79-00
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо:
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо – 25 январи соли 2025.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *