СОЛҲОИ 2025-2030: ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ҲАМЧУН КАЛИДИ РУШДИ УСТУВОР

Баргузории семинари ҷумҳуриявӣ таҳти чунин унвон дар Институти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии ДБССТ
24 январи соли 2025 дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Институти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2024 семинари илмию назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Солҳои 2025-2030: Инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамчун калиди рушди устувор” баргузор гардид.
Семинари мазкур, ки бо иштироки намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишмандон, коршиносон ва намояндагони соҳаҳои мухталифи илм ва технология баргузор шуд, фарогири масъалаҳои нақши технологияҳои рақамӣ ва инноватсия дар таъмини рушди устувор бахшида шуд.
Чорабинии илмии мазкур бо суханронии муқаддимавии директори Институти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ Мирзозода А.Н. оғоз ёфт. Мавсуф дар суханронии худ қайд намуд, ки дар замони муосир технологияи рақамӣ ва инноватсия ҳамчун унсурҳои муҳим барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар баромад мекунанд. Вай, инчунин нақши инноватсияҳоро дар таҳияи стратегияҳои рушди устувор ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва технологияи муосир зикр кард.
Ҳамзамон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Зоирзода И.С. зимни суханронии хеш ба муҳтавои асосии семинари илмӣ ва муҳимияти татбиқи технологияҳои рақамӣ ва инноватсияҳо дар рушди устувор, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастовардҳои илмию техникии навин дар кишвар равшанӣ андохт. Дар суханронӣ зикр шуд, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, имкониятҳои васеи инноватсияро барои рушди ояндаи иқтисод ва ҷомеа тавассути истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ муҳайё месозанд.
Дар идома, намояндаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова Р, профессори пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсии дипломатӣ ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлонназаров С.С., мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Институти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, дотсент Раҳмонзода М. ва дигарон баромад намуданд.
Қобили қайд аст, ки ҳадафи асосии чорабинии болозикр таҳкими ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои илмӣ, давлатӣ ва бахши хусусӣ барои татбиқи самараноки стратегияи миллии рушди устувор тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ арзёбӣ гардид.
Чорабиниҳои дигари Институти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2024 идома доранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *