31 январи соли 2025 дар Институти таълимии технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон зери роҳбарии директори институт Мирзозода А.Н. ҷаласаи истеҳсолӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни институт баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҳими вобаста ба рушди фаъолияти институт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, таҳкими раванди таълим, баланд бардоштани завқи донишҷӯён вобаста ба азхудкунии фанҳо, иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ҷалби донишҷӯён ба барномаҳои табодули академӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳо дар ҳама самтҳои фаъолияти таълимӣ ва илмӣ муҳокима шуданд.
Роҳбарияти институт таъкид намуд, ки ҷалби донишҷӯён ба фаъолиятҳои илмӣ ва байналмилалӣ метавонад сатҳи рақобатпазирии онҳоро дар бозори меҳнат баланд бардорад. Инчунин, омӯзгорон пешниҳод карданд, ки бо мақсади рушди малакаҳои амалии донишҷӯён ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ таҳким ёбанд.
Ҳамзамон, директори Институти таълимии технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ Мирзозода А.Н. дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста эълони солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ибрози назар намуда, баргузории чорабиниҳои мухталифро дар доираи Нақшаи чорабиниҳо муҳим арзёбӣ намуд.
Дар кори ҷаласа намояндаи раёсати рушди стратегӣ ва идоракунии сифат Дайхудоев Ваҳдат низ иштирок ва суханронӣ намуд. Ӯ оид ба нақши стратегияи рушд дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва саҳми донишҷӯён дар такмили равандҳои таълимӣ ва илмӣ ибрози назар кард.