Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 9 феврали соли 2025 таҳти роҳбарии ректори муассиса муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор дар ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Биржаи байналмилалии сайёҳӣ (Borsa Internazionale del Turismo – 2025, Rho Fiera Milano), ки рӯзҳои 9-11 феврали соли 2025 дар шаҳри Милани Ҷумҳурии Италия баргузор гардида истодааст, иштирок намуданд.
Дар ҷараёни боздид аз гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини ширкатҳои сайёҳии мамлакат мулоқоти судманд анҷом дода шуд.
Дар доираи биржаи мазкур мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳ бо намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва ширкатҳои самти сайёҳиву хизматрасонӣ сурат гирифт. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи фаъолияти муассисаҳо баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар доираи сафари мазкур бо ширкатҳои маъруфи ҷаҳонии самти сайёҳӣ ва меҳмондорӣ мулоқоти судманд анҷом дода шуд. Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисосу самтҳои дахлдор ба таҷрибаомӯзӣ ва таҷрибаивазкунӣ, ҳамзамон минбаъд ба кор фаро гиранд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи иштирок дар биржаи болозикр вохӯриҳои раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони муассисаҳои таълимии шаҳри Милани Ҷумҳурии Италия ба нақша гирифта шудаанд.