28 феврали соли 2025 таҳти чунин унвон дар Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимони соҳа, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд.
Иброҳимзода Илҳомуддин, директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳ, ифтитоҳи семинарро бо таъкиди муҳимияти баррасии равандҳои иқтисодии ҷаҳонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ оғоз намуд. Зикр гардид, ки таҳлили амиқи тамоюлҳои иқтисодӣ ва мутобиқшавӣ ба онҳо метавонад ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.
Зоирзода И.С., муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ дар баромади худ ба таъкидҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсири равандҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳонӣ ба кишвар ишора намуда, аҳамияти таҳлили илмии мушкилоти иқтисоди ҷаҳониро муҳим арзёбӣ кард.
Дар идома, Иброҳимзода И.Р. маърӯзаи худро дар мавзӯи “Мушкилоти иқтисодии сайёҳиву соҳибкорӣ дар ҷаҳони муосир” ироа намуда, мушкилоти асосии соҳа, аз ҷумла рақобати шадиди байналмилалӣ, таъсири тамоюлҳои макроиқтисодӣ ва ҳаракати сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, мавриди баррасӣ қарор дод.
Профессор Метархон Содиқов, намояндаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, маърӯзаи худро ба мушкилоти муҳими иқтисоди ҷаҳонӣ, аз қабили барҳам додани қашшоқӣ, масоили озуқаворӣ, мушкилоти экологӣ ва рушди сармояи инсонӣ бахшида, роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ намуд.
Ҳамзамон, профессор Умаров Х. ва дотсент Маъдиев С. оид ба диверсификатсияи сайёҳӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба рушди ин соҳа дар Тоҷикистон андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш, профессор Иброҳимзода И.Р. натиҷаҳои муҳокимашударо ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки пешниҳодҳо ва таҳлилҳои ироашуда ба мақомоти дахлдор барои баррасӣ ва татбиқи минбаъда ирсол мегарданд.